Рӯзи 12 январ, соати 10.00, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии Ҷоми ФФТ-2017 дар минтақаи Душанбе доир мешавад.
Чун анъана мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсия дар ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ баргузор хоҳад шуд. Марҳӣлаи пешакии мусобиқа дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон доир мегардад.
Дар минтақаи Душанбе марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ рӯзи 26-уми январ шурӯъ мешавад. Марҳилаи мазкур дар минтақаи Суғд 20 январ ва дар минтақаи Хатлон бошад 27 январ шурӯъ мешавад.
Аз рӯи натиҷаи ҷамъбасти марҳилаи пешакии мусобиқа 8 дастаи беҳтарин ба марҳилаи ниҳоӣ роҳеёбанд. Марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа аз 10 то 19 феврал дар Душанбе доир мешавад.
Мувофиқи тартиби баргузории мусобиқа дастае, ки ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифта, бо ягон сабаб аз иштирок дар он дасткашӣ мекунад ба маблағӣ 10 ҳазор сомонӣ ҷарима баста мешавад.
Ёдрас мешавем, ки барандаи феълии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода мебошад. Соли гузашта дастаи металлургчиёни тоҷик дар бозии финалӣ бар “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо гардид.