Голи дуюми Парвизҷон Умарбоев дар чемпионати Булғория – Федерация Футбола Таджикистана

Голи дуюми Парвизҷон Умарбоев дар чемпионати Булғория

Ниммуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев, ки  дар ҳайати дастаи футболи “Локомотив”-и Пловдив бозӣ мекунад, голи дуюми худро дар чемпионати Булғория зад.

Дар бозии даври чордаҳуми чемпионати Булғория имрӯз, 20-уми ноябр, «Локомотив» бар дастаи «Ботев» бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Легионери Тоҷик дар ин бозӣ дар қисми дуюм ба майдон баромада, дар дақиқаи 68-ум бо зарбаи сахт аз масофаи дур ба задани голи зебое муваффақ шуд. Ин голи дуюми Умарбоев дар чемпионати Булғория мебошад. Голи якуми худро Парвизҷон рӯзи 16-уми сентябр дар бозии даври 7-ум ба дарвозаи “Вереи” (3:1) зада буд.

Баъди ғалаба бар “Ботев” клуби Умарбоев бо 20 имтиёз ба зинаи шашуми ҷадвали мусобиқа баромад.

Клуби “Дунав”, ки дар ҳайати он муҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон Искандар Ҷалилов ва нимуҳофизи тими милли мамлакат Нуриддин Давронов баромад мекунанд, дар даври 14-ум ба бохти аввалин дучор шуд. “Дунав” дар сафар аз “Вереи” бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб гардид. Дар ин бозӣ Нуриддин Давронов дар рӯйхати эҳтиётиён буд, аммо ба майдон набаромад. Искандар Ҷалилов бошад бо сабаби осеб доштан ба рӯйхати иштирокчиёни бозӣ шомил нагардид.

Добавить комментарий