Дар доираи омодагӣ бо бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 имрӯзҳо дастаи футболи занонаи Тоҷикистон иборат аз футболбоздухтарони синнашон то 19 сола ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар шаҳри Норак мегузаронад.
Сармураббии даста Қаноат Латипов ба ин ҷамъомади омӯзишӣ-машқӣ 19 футболбоздухатр – 3 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 6 нимуҳофизатгар ва з ҳамлагарро даъват кардаст.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дастаи Қаноат Латипов бо ҳайати омехтаи иборат аз футболбоздухтарони Душанбеву Қӯрғонтеппа бозии санҷишӣ гузаронд. Бозӣ бо ҳисоби 5 бар 0 ба фоидаи шогирдони Қаноат Латипов анҷом ёфт.
Пеш аз иштирок дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё -2017, дастаи мунтахаби футболбоздухтарони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Тошканди Узбекистон ширкат мекунад. Мусобиқаи мазкур аз 15 то 18 октябр доир мешавад. Мувофиқи қуръакашии ин мусобиқа дастаи футболбоздухтарони ТОҷӣкистон дар гурӯҳи «А» бо ҳамсолонашон аз Афғонистон ва Туркманистон баромад хоҳад намуд. Аммо дастаи мунтахаби футболи занонаи Туркманистон аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашидааст ва айни ҳол маълум нест, ки онро дар гурӯҳи «А» кадом даста иваз мекунад.
Мусобиқа дар Тошканд барои дружинаи Қаноат Латипов охирон марҳилаи санҷишӣ ҷиҳати иштирок дар бозиҳои марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 хоҳад шуд. Дар марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017, ки аз 27 то 31 октябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешавад, дастаи мунтахаби футболи занонаи то синни 19- солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» баромад мекунад. Рақибони футболбоздухтарони тоҷик дар гурӯҳ мунтьахабҳои занонаи Узбекистон (27 октябр), Тайбэи Чин (29 октябр) ва Ҳонконг (31 октябр) мебошанд.
Ҳаминро қайд мекунем, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашии марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2017 байни мунтахабҳои занонаи то синни 19 сола чор гурӯҳ созмон дода шуд. Роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2917 байни мунтахабҳои футболи занонаро бошад, танҳо ғолибони гурӯҳ соҳиб шуда, ба чор дастаи беҳтарини осиёӣ – Ҷопон, ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин пайваст мешаванд. Дар марҳӣлаи ниҳоии чемпионати Осиё-2017 байни дастаҳои футболи занона ҳамагӣ 8 даста иштирок мекунад.
Ҳайати мунтахаби футболи занонаи Тоҷикистон (U-19):
Дарвозабонҳо: Сахина Саидова (Ҷиликул), Сайёра Каҷалаева (Норак), Муаззама Сайдуллоева (Қӯрғонтеппа);
Муҳофизон: Дилафрӯз Шарипова, Гулафшон Сараева, Ҷонона Ҳалимова, Насиба Олимова (ҳама аз Норак), Шукрона Мирова (Сарбанд), Сайрамҷон Холназарова (Қӯрғонтеппа), Лайло Раҳмонова (Ҷиликул);
Ниммуҳофизон: Дилноза Лалиева (Ҷиликул), Муниса Мирзоева (Турсунзода), Наргиза Юнусова (Хуҷанд), Зулайхо Сафарова (Душанбе), Марҷона Файзуллоева (Сарбанд), Сурайё Асророва (Норак),
Ҳамлагарон: Шукронаи Ҷумахон (Турсунзода), Мавҷуда Сафарова (Қӯрғонтеппа), Гулсумбӣ Ҳалимова (Душанбе).
Сармураббӣ – Қаноат Латипов.
Чемпионати Осиё-2017 байни духтарони то синни 19 сола
Марҳилаи интихобӣ. Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
27 октябр (панҷшанбе)
14:00 – Тайбэйи Чин – Ҳонконг
17:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 2-юм
29 октябр (шанбе)
14:00 – Ҳонконг – Узбекистон
17:00 – ТОҶИКИСТОН – Тайбэйи Чин
Даври 3-ум
31 октябр (душанбе)
14:00 – Узбекистон – Тайбэйи Чин
17:00 – Ҳонконг – ТОҶИКИСТОН