Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов пас аз бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Фаластин (3:3), дар нишасти хабарӣ таассуроти худро аз вохӯрӣ ва бозии шогирдонаш чунин баён кард:
«Бозӣ хеле муборизанок ва дар баъзе мавридҳо дағалона ҳам буд. Имрӯз бозӣ ба мухлисон писанд омад ва дар он шаш гол зада шуд. Мутаассифона мо ба ғалаба ноил нашудем. Ман қаблан низ гуфтам, ки Фаластин дастаи пурқувват ва хуб созмонёфта аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ҳайати худ чанд нафар бозигарони шаҳрванкунонидашуда дорад. Дар бораи вазифаҳои худ бошад ҳаминро гуфтаниям, ки мо аз онҳо дур рафтанӣ нестем. Ҳамаи номзадҳо ба узвияти мунтахаби миллиро дар амал диданӣ ҳастем. Ҳолати футболбозони легионерамон бошад, мутавофит аст. Бачаҳое ҳастанд, ки дар клубҳояшон мунтаззам бозӣ доранд ва бо тайёрии пурраи ҷисмонӣ ба қароргоҳи тими миллӣ ҳозир мешаванд. Бачаҳое ҳам ҳастанд, ки бо сабабҳои мухталиф таҷрибаи пураи бозикуниро дар клубҳояшон надоранд. Дар маҷму, агар мо пештар мегуфтем, ки голи кам мезанем, ин бор дар вохӯрӣ ба задани се гол муваффақ шудем. Дар хати ҳимояи мо се бозигари легионер бозӣ кард, аммо онҳо ба хатогиҳои зиёд роҳ доданд. Аз ин лиҳоз бештар кор кардан ва интизоми бозикуниро баланд бардоштан зарур аст. Аммо ба худфидоиву хоҳиши зиёд доштани бачаҳо эътирозе надорам. Ман барои худфидоияшон ба бачаҳо арзи сипос мекунам. Дар қисми дуюм андаке мондашавии футболбозонамон эҳсос мешуд. Легионеронамон роҳи дуру дарозро паймуда ба Душанбе расиданд, ки ин ҷиҳат низ ба бозияшон бетаъсир намемонад. Фурсати омодагӣ ба бозӣ низ бисёр кам буд. Дар ин бора ман дирӯз ҳам гуфта будам. Аз ҳамин сасбаб, баъди танаффус дар фикрронии бачаҳо кмбудиҳо дида мешуд ва онҳо ба хатогиҳо роҳ доданд. Бо вуҷуди ин ҳама, аз лиҳози бозӣ онҳо аз бозигарони дастаи Фаластин кам наомаданд. Дар аксари мавридҳо дар бозӣ бартарият ҷониби мо буд, аммо ҳолатҳои бештари голзаниро фаластиниҳо созмон доданд. Ман инро пеш аз бозӣ низ ба бачаҳо гуфта будам, ки Фаластин дар ҳамлаҳои ҷавобӣ хуб бозӣ мекунанд. Ду бозӣ бо мунтахаби Фаластин барои мо низ хеле фоиданок ҳастанд ва барои такмил додани таҷрибаи бозикунии бачаҳо дар оянда манфиати зиёд доранд. Ин гуна бозиҳо барои афзудани таҷрибаи касбии футболбозон бисёр муфид мебошанд. Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба ҳамаи он мухлисоне, кеи ба Варзишгоҳ омада моро дастгирӣ карданд, изҳори сипосгузорӣ баён мекунам. Боварӣ дорам, ки дар оянда низ онҳо моро дастгирӣ мекунанд. Футболбозон бошанд, дар навбати худ мекӯшанд, то бо ғалабаҳояшон мухлисонро болидахотир гардонанд”, – гуфт Ҳаким Фузайлов.