Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Фаластин боз мусовӣ анҷом шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Фаластин боз мусовӣ анҷом шуд

Бозии дӯстонаи байналмилалии мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Фаластин дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо ҳисоби баробари 3 бар 3 анҷом ёфт.

Бозӣ шаби чоршанбеи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 16 ҳазор тамошобин баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 22-юм аз пеналтӣ капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов, боз кард. Ҷонатан Зорилла, бозигари меҳмонон, дар нимаи дувуми дидор, дар дқиқаи 52-юм, аз пеналтӣ ҳисобро баробар намуд. Вале баъди панҷ дақиқа ҳисоб тағйир ёфт. Голи дувуми мунтахаби Фаластинро Тамер Сеям дар дақиқаи 57-ум ба ҳадаф расонд. Голи ҷавобии мунтахаби Тоҷикистонро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 60-ум зад ва ҳисоби бозӣ баробар (2:2) шуд. Аҳмад Абунаҳиа дар дақиқаи 69-ум голи севуми мунтахаби Фаластинро ба дарвозаи мизбонон равон кард. Ба Парвизҷон Умарбоев муяссар шуд, ки дар замони изофии таъинкардаи сардовари бозӣ Денис Измайлов, довари ФИФА аз Қазоқистон, голи севумро ба самар расонда, мунтахаби Тоҷикистонро аз мағлубият наҷот бидиҳад.

Бозии навбатии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон 9-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо мунтахаби Туркманистон баргузор мешавад.

 

Бозии байналмилалии дӯстона

ТОҶИКИСТОН – Фаластин – 3:3

Голҳо: Нуриддин Давронов, 22 – аз пеналтӣ (1:0). Ҷонатан Зорилла, 52 – аз пеналтӣ (1:1). Тамер Сеям, 57 (1:2). Давронҷон Эргашев, 60 (2:2). Аҳмад Абунаҳиа, 69 (2:3). Парвизҷон Умарбоев, 90+3 (3:3).

Тоҷикистон: Абдуазиз Маҳкамов, Искандар Ҷалилов, Фарҳод Восиев, Сиёвуш Асроров, Давронҷон Эргашев, Нуриддин Давронов, Амирбек Ҷурабоев (Ҷаҳонгир Эргашев, 59), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ҷаҳонгир Алиев, 54), Умедҷон Шарипов (Аҳтам Назаров, 54), Парвизҷон Умарбоев, Манучеҳр Ҷалилов (Комил Саидов, 69).

Фаластин: Тавфиқ Абуҳаммад, Алаа Абу Салеҳ, Тамер Салаҳ, Моҳаммед Салеҳ (Моамен Эджбариа, 90+2), Ҷонатан Зорилла (Ияд Салбис, 86), Тамер Сеям, Ясер Исламе (Самех Марааба, 54), Аҳмад Абунаҳиа (Ислам Батран, 78), Абдалла Джабер, Алексис Норамбуена, Муҳаммад Дарвеш.  

Огоҳонида шуданд: Абдуазиз Маҳкамов, Фарҳод Восиев, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев, Комил Саидов (Тоҷикистон), Ясер Исламе, Ҷонатан Зорилла, Муҳаммад Дарвеш, Самех Марааба (Фаластин).

Сардовар: Денис Измайлов (Қазоқистон).

Ёварон: Серик Жаппасбаев, Алибек Аубакиров (ҳарду аз Қазоқистон).

Довари эҳтиётӣ: Насрулло Кабиров (Тоҷикистон).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Тоҷикистон).

Комиссари бозӣ: Давлатманд Исломов (Тоҷикистон).

5 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 16 400 тамошобин.

Добавить комментарий