«Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор барои баромадан ба бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 қадами устувор гузоштанд. Дар бозиҳои якуми ниманиҳоии Ҷоми миллӣ барандаи феълии Ҷом «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 4 бар 0 ва «Ҳосилот»-и Фархор дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бар «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯзӣ ёфтанд.
Баъди бохт дар бозии даври понздаҳуми чемпионати Тоҷикистон аз «Равшан»-и Кӯлоб (1:2) дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара, чемпиони феълӣ ва низ барандаи Ҷоми Тоҷикистон «Истиқлол»-и пойтахт тавонист, ки ба худ омада, дар бозии якуми марҳилаи ниманиҳоии Ҷом ба дарвозаи меҳмонони кӯлобӣ чор голи беҷавоб занад.
Ду голи «Истиқлол»-ро нишонзани беҳтарини даста, ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов, як голиро бошад Девид Мавутор ва Нозим Бобоҷонов аз ҷаримаи пеналти ба нишон расонданд.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Ҳосилот» дар майдони худ бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуд. Дар ин бозӣ муҳофизатгари дастаи соҳили Сирдарё Шоҳрух Раҷаматов бебаророна бозӣ карда, ду маротиба тӯбро вориди дарвозаи дастаи худашон сохт.
Ҷоми Тоҷикистон. Бозиҳои якуми ниманиҳоӣ
«Истиқлол» – «Равшан» – 4:0
Голҳо: Дэвид Мавутор, 30 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 42 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 45 (3:0). Нозим Бобоҷонов, 90+2 – аз пеналти (4:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Дэвид Мавутор (Эҳсони Панҷшанбе, 59), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Табрези Давлатмир, 77), Фаридун Шарипов, Ҷаҳонгир Алиев (Нозим Бобоҷонов, 74) , Манучеҳр Ҷалилов.
«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Далер Шомуродов, Фаридун Рустамов, Саидхони Амрохон, Такие Ишмаэл (Сайдамири Сайдаҳмад, 61), Агиен Канкам (Ҳиматулло Малодӯстов, 62), Гариба Джозеф Далами, Зокир Абдулхайров, Далер Чолов (Музаффар Назаров, 46), Абубакр Азимов, Абдураҳмон Нозимов.
Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Дэвид Мавутор («Истиқлол»), Сайдамири Сайдаҳмад («Равшан»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе) – 7,8 хол.
Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
1 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1500 тамошобин.
«Ҳосилот» – «Хуҷанд» – 4:2
Голҳо: Шоҳрух Раҷаматов, 4 – ба дарвозаи дастаи худ (1:0). Ҳасан Рустамов, 28 (2:0). Шоҳрух Раҷаматов, 42 – ба дарвозаи дастаи худ (3:0). Комил Саидов, 45 (4:0). Илхомҷо Баротов, 60 (4:1). Манучеҳр Ахмедов, 90 – аз пеналти (4:2).
«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев, Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров, Ҳасан Рустамов (Нурулло Маҳмудов, 73), Сафаралӣ Каримов, Ҳикматулло Расулов, Сайриддин Ғаффоров, Хайрулло Азизов (Иброҳим Рабимов, 55), Наврӯз Рустамов (Саидалии Сафаралӣ, 69), Содиқ Мусо, Комил Саидов.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Фарҳод Юлдашев (Дилшод Додобоев, 46), Шероз Абдуллоев (Мирзошариф Ҳасанов, 90+1), Соҳибҷон Ҳакимов (Меҳруллоҷон Бобоев, 53), Манучеҳр Ахмедов, Шоҳрух Раҷаматов (Анвархон Темирхонов, 46), Ҳоҷибой Зиёев, Руслан Раҳматов, Дилшод Каримов, Шероз Сангинов, Илҳомҷон Баротов, Дилшод Бозоров.
Огоҳонида шуд: Комил Саидов («Ҳосилот»).
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»).
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.
Нозири бозӣ: Юсуф Ишматов (Қӯрғонтепа).
1 октябр. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 5000 тамошобин.