Ҷоми Тоҷикистон: “Хуҷанд” муборизаро давом медиҳад, “Регар-ТадАЗ” берун шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Тоҷикистон: “Хуҷанд” муборизаро давом медиҳад, “Регар-ТадАЗ” берун шуд

Бозии ҷавобии марҳилаи чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, ки рӯзи 27 сентябр, байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи  соҳибони майдон анҷом ёфт. Голҳоро Дилшода Бозоров дар дақиқаи 37-ум ва Манучеҳр Ахмедов дар дақиқаи 90+5 ба самар расонданд. Акнун, дастаи соҳили Сирдарё  муборизаро барои Ҷоми миллӣ идома дода, металлургчиён аз сабқат берун шуданд.

Бозии аввали ин дастаҳо дар Турсунзода бо ҳисоби 3 бар 1 ба фоидаи «Регар-ТадАз» анҷом ёфта буд. Футболбозони хуҷандӣ аз рӯи натиҷаи ду бозӣ ва аз ҳисоби голи дар майдони ҳариф задашон ба идомаи мусобиқа роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми миллӣ «Хуҷанд» бо «Ҳосилот» рақобат мекунад. Бозии якум рӯзи 1-уми октяюр дар ноҳияи Фархор доир мешавад.

Дар бозии якуми дигари ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар ин рӯз, барандаи феълии Ҷом «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ «Равшан»-и Кӯлобро қабул мекунад.

 

Ҷоми Тоҷикистон. Бозии ҷавобии 1/4 финалӣ

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0

Голҳо: Дилшод Бозоров, 37 (1:0). Манучеҳр Ахмедов, 90+5 (2:0).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Фарҳод Юлдашев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шоҳрух Раҷаматов, Шероз Абдуллоев (Анвар Темирхонов, 88), Ҳоҷибой Зиёев, Руслан Раҳматов, Илҳомҷон Баротов, Дилшод Каримов, Фарҳод Тоҳиров (Марифҷон Марифбоев, 43), Дилшод Бозоров.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев, Фарҳод Холбеков (Доробҷон Эргашев, 46), Фирӯз Қараев, Бахтиёр Азимов (Алишер Шарипов, 58), Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Санҷар Баратов, Ромиш Ҷалилов, Комрон Турсунов, Фирӯз Раҳматов.

Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Ахмедов, Илҳомҷон Баротов, Руслан Раҳматов, Марифҷон Марифбоев («Хуҷанд»), Комрон Турсунов, Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»).

Аз майдон хориҷ шуд: Марифҷон Марифбоев («Хуҷанд»), 90+3 – барои таҳқири сардовари бозӣ.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Муминҷон Ҳамидов (Хуҷанд).

27 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

Бозии якум – 1:3.

 

Бозиҳои якуми ниманиҳоӣ

1 октябр (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:00

«Истиқлол» – «Равшан»

«Ҳосилот» – «Хуҷанд»

Добавить комментарий