Бозии ҷавобии байналмилалии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Фаластин рӯзи чоршанбеи 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Баргузории ин бозӣ қаблан рӯзи 3 октябр ба нақша гирифта шуда буд.
Вохӯрӣ бо ризоияти дуҷонибаи тарафҳо ба рӯзи 5-уми октябр гузаронида шуд. Федератсияи футболи Тоҷикистон оиди санаи нави баргузории бозӣ Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) ва Федератсияи байналмилалии Ассотсиатсияи футболро (ФИФА) бохабар намуд.
Бозии якуми дӯстонаи ин мунтахабҳо дар Варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Хеврони Фаластин, рӯзи 6 сентябр, баргузор шуда, бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт. Бозии ҷавобӣ рӯзи чоршанбеи 5-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир мешавад.