Бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз мунтахаби ҷавонони ИМА – Федерация Футбола Таджикистана

Бохти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз мунтахаби ҷавонони ИМА

Дар доираи омодагӣ ба бозиҳои марҳилаи ниҳои чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19 сола, имрӯз 14-уми сентябр, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Дубай аз мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб, дар бозии дӯстона бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб шуд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ин бозиро бо ҳайати ибтидоии зерин оғоз кард: Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ханонов, Зиёвуддин Фузайлов, Доробҷон Эргашев, Кароматулло Саидов (капитан), Далер Ёдгоров, Ҳоҷибой Зиёев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Нуриддин Ҳамроқулов.

Пасфардо, 16 сентябр, мунтахабҳои ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон бори дигар бо ҳам бозии дӯстона мегузаронанд. Ин бозӣ соати 17.45 ба вақти маҳаллӣ (соати 18.45 ба вақти Душанбе) шурӯъ хоҳад шуд.

Ба иттилои менеҷери дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Меҳроҷидин Холов, бозии дӯстонаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо мунтахаби ҷавонони Ҷумурии Исломии Эрон, ки мувофиқи нақшаи пешакӣ бояд рӯзи 19-уми сентябр, дар ҷазираҳои Кеши ин кишвар доир мегашт, баргузор намешавад. Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ҶИЭ сафар намекунад ва то рӯзи 20-уми мсентябр, ҷамъомади омӯзишӣ машқии худро дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб мегузаронад.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19 сола дар давлати Баҳрайн иштирок мекунад. Мусобиқа аз 13 то 30 октябр доир мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷӣкистон дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Дар ин гурӯҳ мунтахабҳои ҷавонони Узбекистон (15 октябр), Чин (18 октябр) ва Австралия (21 октябр) рақибони ҷавонони мо мебошанд.

Добавить комментарий