Се бозии даври дувоздаҳуми Лигаи олии Тоҷикистон, ки мувофиқи тақвими пешакӣ бояд рӯзҳои 13 ва 14 сентябр доир мегардиданд ба вақти дигар гузаронида шуданд.
Он тавре, ки ба мо аз Лигаи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии байни дастаҳои “Парвоз” – “Равшан” аз 13 ба 22 сентябр гузаронида шуд. Бозии байни дастаҳои “Хуҷанд” – “Ҳосилот”, ки бояд рӯзи 14 сентябр доир мешуд, акнун санаи 21-уми сентябр баргузор хоҳад гашт. Вохӯрии байни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” – “Барқчӣ” бошад, аз 14-уми сентябр ба вақти андактар гузаронида шуд.
Рӯзҳои 13-14 сентябр ду бозии даври 12-уми Лигаи олии Тоҷикистон баргузор мешавад. Имрӯз КМВА «Помир» дар варзишгоҳи Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо «Вахш»-и Қӯрғонтепа ва пагоҳ, 14-уми сентябр бошад, «Истиқлол» бо «Хайр» дар варзишгоҳи «Авиатор» вомехӯранд. Оғози бозиҳо соати 16:30.