Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар мусоҳиба бо сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон натиҷаи бозии дӯстонаро бо тими миллии Фаластин шарҳ дод. Бозӣ рӯзи 6-уми сентябр дар варзишгоҳи «Дура»-и Хеврон баргузор шуда бо ҳисоби баробари 1 бар 1 анҷом ёфт.
– Дар бозии имрӯза бо мунтахаби миллии Фаластин, ки дар феҳристи ФИФА аз мо болотар меистад, маро сифати бозии футболбозони худ хурсанд кард. Дар бозӣ бартарӣ ҷониби мо буд. Бо вуҷуди мусовӣ анҷом ёфтани вохӯрӣ, ман аз бозии даста қаноатмандам. Бачаҳои иҷро кардани интизоми бозикуниро ёд гирифтанд. Дар даста интизом ҳаст ва даста имконияти натиҷа доданро дорад. Пеш аз ҳама дар бозӣ бо Фаластин имкон шуд, ки ҳамаи номзадҳо ба узвияти мунтахаби миллиро бубинем. Дар маҷму, даста ба тартиби бозӣ ва ба он системае, ки мо аз ӯ талаб мекунем, тоб меорад. Бо ин даста натиҷаи беҳтарро низ соҳиб шудан имкон дорад. Ба фикри ман, дастаи мо дар роҳи дуруст қарор дорад.
– Мусовӣ дар бозии имрӯза шуморо зиқ намекунад?
– Дар бозиҳои дӯстона барои ман натиҷа муҳим нест. Вале, барои дар феҳристи ФИФА ҳолатро беҳтар кардан, натиҷа ҳам лозим аст. Ман фикр мекунам имрӯз мо дар ин феҳрист дар ҷои худамон қарор надорем. Дар бозии имрӯза бачаҳо барои ғалба бозӣ карданд.
– Оиди довари бозии имрӯза чӣ гуфтанӣ доред? Ба назар чунин намуд, ки довари урдунӣ имрӯз бештар ба соҳибони майдон таваҷҷӯҳ дошт…
– Доварии имрӯзаро шарҳ намедиҳам. Ин бозии дӯстона буд. Агар ин бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё мебуд, сатҳи доварӣ камбудии зиёд дошт.
– Дар бораи футболбозони легионерамон чи гуфта метавонед?
– Аз бозии имрӯза дида мешавад, ки дар бозии Парвизҷон Умарбоев пешравӣ ҳаст. Вай мунтазам дар клуби худаш баромад мекунад ва сатҳи бозикунияш такмил меёбад. Дар бози Нуридин Давронов ғоб будани таҷрибаи бозикунӣешавад. Нуридин ба қарибӣ ба клуби наваш гузашт ва айни замон дар ягон бозӣ иштирок накардаст. Боварӣ дорам, ки ӯ ба наздикӣ дар ҳайати асосии клуби худ ҷойшро пайдо мекунад. Ҷаҳонгир Эргашев низ мисли Давронов дар клуби наваш таҷрибаи бозикунии кам дорад. Боварӣ дорам, ки баъди ба Белорус баргаштан Эргашев он гунае ки дар қисми якум баромад мекард, дар ҳайати дастааш мунтазам бозӣекунад.