Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар баҳрайн доир хоҳад шуд, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо мунтахабҳои ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бозиҳои дӯстона мегузаронад.
Дар давоми ин моҳ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ду ҷамъомади омӯзишӣву машқии худро дар Дубайи ИМА ва ҷазираҳои Кеши ҶИЭ мегузаронад. Рӯзҳои 14 ва 16 сентябр ҷавонони мо дар Дубай ду бозии дӯстона бо мунтахаби ҷавонони Имороти Муттаҳидаи Араб гузаронида, аз он ҷо ба ҷазираҳои Кеши ҶИЭ сафар мекунад. Дар Кеш бошад дружинаи Виталий Левченко рӯзи 19 сентябр бо мунтахаби ҷавонони Эрон бозии дӯстона мегузаронад.
Баъд аз ин, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба ватан баргашта, омодагияшро ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 дар Душанбе идома медиҳад. Дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» муқобили мунтахабҳои ҳамсоли худ аз Австралия, Узбекистон ва Чин бозӣ мекунад.
Қобили қайд аст, ки дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 дар Баҳрайн чор дастаи мақомҳои аввал ба марҳилаи ниҳоиии чемпионати ҷаҳон-2017 ба Кореяи Ҷанубӣ роҳхат мегиранд. Дар сурати ба бозиҳои чорякфиналии ин мусобиқа роҳ ёфтани мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ, он гоҳ дастаи мақоми панҷуми мусобиқа соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2017 мегардад.