Наврасони Душанбе – ғолиби мусобиқаи гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев – Федерация Футбола Таджикистана

Наврасони Душанбе – ғолиби мусобиқаи гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев

Дар Алмосӣ аввалин мусобиқа бахшида ба гиромидошти хотираи собиқ котиби генералии Федаратсияи футболи Тоҷикистон   Ислом Маҳмадшоев ба анҷом расид. Дар мусобиқа, ки се рӯз давом кард, панҷ дастаи футболи наврасон аз Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва НТМ иштирок намуданд.

Мувофиқи Низомномаи баргузорӣ, мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм доир гардид ва дастаи футболи наврасони шаҳри Душанбе бо 12 имтиёз мақоми якумро соҳиб шуда, барандаи аввалин Ҷоми ёдбуди Ислом Маҳмадшоев шуд. Наврасони пойтахт дар ҳамаи чор бозӣ пирӯз гаштанд. Медалҳои нуқраи мусобиқаро бо 7 имтиёз дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа ва медалҳои биринҷиро бо 5 имтиёз футболбозони навраси шаҳри Хуҷанд соҳиб шуданд.

Дар марсоими ботантанаи ҷамъбаст, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо Ҷому медалҳо ва ифтихорномаву тӯҳфаҳои қимматнок мукофотонида шуданд. Кумитаи тадорукотӣ беҳтарин бозигарони дастаҳоро эълон карда, онҳоро бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонд. Алинур Ниёзбеков (Хуҷанд), Сӯҳроб Назаров (НТМ), Умед Рамазонов (Қӯрғонтеппа), Наврӯз Баротов (Кӯлоб) ва Меҳрубони Абдурауф (Душанбе) дар ҳайати дастаҳои худ беҳтарин шинохта шуданд.

Пас аз анҷоми мусобиқа байни наврасони солҳои таваллудашон 2002, дарҳол  мусоиқа байни наврасони солҳои таваллудашон 2003 шурӯъ гардид. Дар ин мусобиқа чор даста аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва НТМ ширкат хоҳанд кард.

Қобили қайд аст, ки мусобиқа барои гиромидошти ёдбуди Ислом Маҳмадшоев марҳилаи аввали интихоби истеъдодҳои наврас барои шомил шудан ба Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Академияи мазкур, дар наздиктарин фурсат фаъолияташро оғоз иекунад. Беҳтарин бозигарони солҳои таваллудашон 2002 ва 2003 таҳсилашонро дар Академия идома дода, маҳорати футболияшонро сайқал хоҳанд дод.

 

Мусобиқа байни наврасони соли таваллудашон 2002 бахшида ба гиромидошти хотираи Ислом Маҳмадшоев

Даври 1-ум

Душанбе – НТМ – 3:0

Кӯлоб – Қӯрғонтеппа – 2:5

Даври 2-юм

НТМ – Кӯлоб – 0:3

Хуҷанд – Душанбе – 0:3

Даври 3-юм

Кӯлоб – Хуҷанд – 0:3

Қӯрғонтеппа – НТМ – 3:2

Даври 4-ум

Хуҷанд – Қӯрғонтепа – 2:2

Душанбе – Кӯлоб – 7:0

Даври 5-ум

Қӯрғонтепа – Душанбе – 4:2

НТМ – Хуҷанд – 1:1

Добавить комментарий