Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Сурия оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Сурия оғоз кард

Мунтахаби миллии Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар гулистони Суғд омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Сурия оғоз намуд.

Ба бозӣ муқобили суриягиҳо, ки рӯзи 27-уми август, соати 17.00 дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мешавад, 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 8 нимуҳофизагар ва 4 ҳамлагар омодагӣ мегиранд.

Ба ин тартиб, дар рӯйхати ҳайати мунтахаби кушоди миллии Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта элон шуда буд, тағйирот ба амал омад. Бо сабабии бемории писараш дарвозабони «Регар-ТадАз» ва ҳайати асосии тими миллии кишвар Алишер Додов ҳайати мунтахаби миллииро тарк кард. Ба ҷои ӯ ба тими милӣ дарвозабони «Барқчӣ»-и Душанбе Беҳрӯз Хайриев даъват карда шуд. Ба ғайр аз Хайриев ба ҳайати тими миллӣ муҳофизатгари «Барқчӣ» Зоир Ҷӯрабоев ва нимуҳофизи «Регар-ТадАз» Фирӯз караев даъват шуданд.

Азбаски бозӣ муқобили мунтахаби миллии Сурия дар рӯзи бозиҳои ФИФА (27 август) баргузорт мешавад, на ҳама футболбозони легионерамон – Парвизджон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Дунав», Булғория), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон) имкони иштирок дар бозиро доранд, зеро дар ин рӯз дастаҳои онҳо дар чмпионатҳои кишварашон баромад мекунанд.

Дар ин миёна, маълум шуд, ки мунтахаби миллии Сурия субҳи рӯзи 25 август, тавассути хатсайри ҳавоии Москва-Хуҷанд ба Тоҷикистон меояд.

Ёдрас мешавем, ки бозии дӯстона байни мунтахабҳои Тоҷикистону Сурия рӯзи 27-уми август, соати 17.00 дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мешавад

Билетҳои тамошои бозӣ ба фурӯш бароварда шуданд ва хоҳишмандон метавонанд билетҳоро аз хазинаҳои билетфурӯшии варзишгоҳи «Спартак», маҷмааи варзишии «Қасри варзиш» ва бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд дастарс намоянд. Арзиши як адад билет – 20 сомонӣ.

Мухлисоне, ки чиптаҳои ин бозиро харидорӣ мекунанд, имконияти бурд кардани якчанд тӯҳфаи молиро доранд. Баъди анҷоми вохӯрӣ аз рӯи билетҳои воридшавӣ бозии лотореяи варзишӣ доир мешавад, ки дар он планшет, смартфонҳои навъи охир, либосҳои варзишӣ ва бурди асосӣ – сабукрави тамғаи «Мерседес -Бентс» бозӣ доронда мешаванд.

Ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии дӯстона муқобили тими миллии Сурия:

Дарвозабонҳо: Абдулазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»);  

Муҳофизон: Эраҷ Раҷабов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду «Ҳосилот»), Сиёвуш Асроров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (ҳама аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»), Зоир Ҷӯрабоев («Барқчӣ»);

Ниммуҳофизон: Фаридун Шарипов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Алиев, Эҳсони Панҷшанбе, Нозим Бобоҷонов (ҳама аз «Истиқлол»), Умедҷон Шарипов («Вахш»), Ромиш Ҷалилов, Фирӯз Қараев  (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Комил Саидов («Ҳосилот»).

Добавить комментарий