Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 19-уми август, таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нурзода ҷаласаи навбатии Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуда, дар он қарорҳои мазкур қабул шуданд:
– барои вайрон кардани банди 5 боби 3 Кодекси интизомии ФФТ (ба майдон ҳаво додани ашёҳои бегона) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Ҳосилот”— “Хайр” (14 август) дастаи “Ҳосилот” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 6 боби 2 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар бозии ҷавобии марҳилаи якҳаштниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни “Хайр” — “Помир” (31 июл) сармураббии дастаи “Помир” Зайниддин Раҳимов аз ҳақи иштирок дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– барои вайрон кардани банди 18 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқир ва ишоратҳои ноҷо нишон додан нисбати ҳайати доварон) дар бозии ҷавобии марҳилаи якҳаштниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни “Хайр” — “Помир” (31 июл) бозигари дастаи “Помир” Шаҳром Самиев аз ҳақи иштирок дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани бандҳои 3 ва 18-и боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ бо ду бор бо корти зард огоҳонида шудан ва ишоратҳои ноҷо нишон додан нисбати ҳайати доварон) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни “Парвин” — “Комунна” (14 август) бозигари дастаи “Коммун” Муҳаммад Абдураҳмонов аз ҳақи иштирок дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 150 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 6 боби 2 Кодекси интизомии ФФТ (таҳқири ҳайати доварон) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Чашма” — “Кӯктош” (14 август) мураббӣ-мушовири дастаи “Кӯктош” Карим Тошпулатов аз ҳақи иштирок дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.
– барои вайрон кардани банди 34 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (мавҷуд набудани логотипҳои ФФТ ва ЛФТ дар либосҳои бозикунӣ) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни “Парвин” — “Комунна” (14 август) дастаи “Коммун” 100 сомонӣ ҷарима баста шавад.