Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ таҳти раёсати раиси кумита Тоҳир Нурзода доир гардид. Дар ҷаласа қарорҳои зерин қабул шуданд:
– барои вайрон кардани банди 20 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (баён кардани суханони носазо нисбати ҳайати доварон) дар бозии марҳилаи 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Хуҷанд” — “Саройкамар” (31 июл) бозигари дастаи “Саройкамар” Искандар Маматкулов аз ҳақи иштирок дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 3 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (дар як бозӣ ду бор бо корти зард огоҳонида шудан) дар бозии Лигаи олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Регар-ТадАз” — “Вахш” (7 август) бозигари дастаи “Вахш” Беҳрӯз Ниёзов аз ҳуқуқи иштирок кардан дар як бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 300 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 23 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (қасдан бо пой зарба задан ба бозигари ҳариф) дар бозии ҷавобии марҳилаи 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Вахш” — “Равшан” (31 июл) бозигари дастаи “Равшан” Абдураҳмон Нозимов аз ҳақи иштирок дар 3 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (риоя накардани талаботҳои Низомномаи чемпионат оиди варзишгоҳҳо) дар бозии ҷавобии марҳилаи 1\8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Барқчӣ” — “Канд” (30 июл) дастаи “Барқчӣ” ба маблағи 200 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (барқасд задани ҳариф) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Канд” — “Ваҳдат” (6 август) бозигари дастаи “Ваҳдат” А. Саидзода аз ҳақи иштирок дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.
– барои вайрон кардани банди 24 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (барқасд задани ҳариф) дар бозии Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои футболи “Канд” — “Ваҳдат” (6 август) бозигари дастаи “Канд” А. Ҳамробоев аз ҳақи иштирок дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шуда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шавад.