Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии финалӣ бо соҳибони мусобиқа вомехӯрад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии финалӣ бо соҳибони мусобиқа вомехӯрад

Рақиби дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии ниҳоии Ҷоми президенти Қазоқистон маълум шуд. Дар бозии ниҳоии ин сабқати байналмилалӣ дар Шимкент дружинаи Зайниддин Раҳимов бо соҳибони майдон – мунтахаби наврасони Қазоқистон рақобат мекунад. Бозии ниҳоӣ пагоҳ, 12-уми август, дар соати 16.30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.

Ёдрас мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқа се бозӣ гузаронда, бар мунтахабҳои наврасони Русия (6:0) ва Эрон (2:1) пирӯзӣ ёфт ва як бозиро бо мунтахаби наврасони Озарбойҷон мусовӣ (2:2) анҷом кард ва дар гурӯҳи “В” бо ҳафт имтиёз зинаи якумро ишғол намуд.

Ёдрас мешавем, ки ҷоизапулии ин мусобиқа 15 ҳазор доллари ИМАро ташкил медиҳад. Барандаи Ҷоми президенти Қазоқистон 7 ҳазор доллар мегирад. Ғолибони мақомҳои ду ва се мутаносибан бо 5 ва 3 ҳазор долларӣ мукофотонида мешаванд.

 

Ҷоми президенти Қазоқистон -2016

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Русия-2 – ТОҶИКИСТОН – 0:6

ЭронОзарбойҷон – 3:0

 

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОНОзарбойҷон – 2:2

Русия -2 – Эрон – 0:10

 

Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Эрон – 2:1

Русия -2 – Озарбойҷон – 1:12

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 ТОҶИКИСТОН 3 2 1 0 10-3 7
2 Эрон 3 2 0 1 11-2 6
3 Озарбойҷон 3 1 1 1 14-6 4
4 Русия-2 3 0 0 3 1-28 0

 

Гуруҳи «А»

Даври 1-ум

Албания – «Крузейро» (Қазоқисстон) – 0:0

Қазоқистон – Қирғизистон – 2:1

 

Даври 2-юм

Албания – Қирғизисстон – 1:0

Қазоқистон – «Крузейро» (Қазоқистон) – 4:0

 

Даври 3-юм

«Крузейро» (Қазоқистон) – Қирғизистон – 0:5

Қазоқистон – Албания – 1:0

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Қазоқис тон 3 3 0 0 7-1 9
2 Албания 3 1 1 1 1-1 4
3 Қирғизистон 3 1 0 2 6-3 3
4 «Крузейро» 3 0 1 2 0-9 1

 

12 август (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷои 7-ум

9:00 – «Крузейро» – Русия-2

Бозӣ барои ҷои 5-ум

9:00 – Қирғизистон – Озарбойҷон

Бозӣ барои ҷои 3-юм

9:00 – Албания – Эрон

Финал

16:30 – Қазоқистон – ТОҶИКИСТОН

Добавить комментарий