Имрӯз, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии аз рӯи ҳисоб чорумин Ҷоми Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе оид ба футболи хурд баргузор шуд. Ҷоизапулии имсолаи мусобиқа 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар мусобиқаи имсола, ки ба шарафи таҷлили 25 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад 20 даста хоҳиши иштирок карданро дорад. Дастаҳои иштирокчӣ бо ёрии қуръакашии норавшан (слепой) ба чор гурӯҳи панҷдастагӣ ҷудо карда шуданд. Мувофиқи низомномаи баргузории мусобиқа марҳилаи гурӯҳӣ аз руи системаи даврӣ дар як қисм доир хоҳад шуд.
Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» санаи 8-уми август дар майдончаҳои футболбозии хурди Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ шурӯъ мешавад. Қарор шуд, ки рӯзҳои корӣ бозиҳо фақат бегоҳӣ, дар вақти ба иштирокчиён мувофиқ доир гардонида шаванд.
Маблағи ҳақи иштирок дар мусобиқаи имсола 3 ҳазор сомонӣ муқаррар шудаст. Ба мусобиқа футболбозони аз 24 сола боло роҳ дода мешаванд. Бозигарони касбӣ, ки дар дастаҳои футболи лигаҳои олӣ, якуму дуюм, ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ, инчунин дар дастаҳои касбии футзали Тоҷикистон баромад мекунанд, ҳуқуқи дар ин сабқат иштирок карданро надоранд.
Ҷоизапулии имсолаи Ҷоми клуби футболи “Истиқлол” 70 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Дастаи ғолиб бо Ҷоми гузаранда ва маблағ дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ, дастаи финалист бо 20 ҳазор ва дастаи мақоми сеюм бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Роҳбарони дастаҳо ва бозигарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки чемпиони феълии Ҷоми клуби футболи «Истиқлол» дастаи «Антикорупсия» мебошад. Дар сабқати соли гузашта «Антикоррупсия» бар дастаи соҳибони мусобиқа – «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 4 бар 2 пирӯз шуд.
P.S. Дастаҳое, ки боз ҳам дар ин мусобиқа хоҳиши иштирок карданро доранд, метавонанд ба дастаҳои иштирокчӣ ҳамроҳ шаванд. Барои маълумоти иловагӣ метавонед бо телефони 98-735-11-11 (Рустам Ҳакимов) дар тамос шавед.
Натиҷаи қуръакашии Ҷоми клуби футболи “Истиқлол”–2016:
Гурӯҳи «А»: «Амонатбанк», «Формула успеха», «Газпром-нефт-Тоҷикистон», «Динамо», «Ориёнбанк».
Гурӯҳи «В»: «Антикоррупсия», Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, «Дилкаш», Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукмати ҶТ, «Фурудгоҳ».
Гурӯҳи «С»: TCELL, «Вавилон», «Казкоммерсбанк», «Истиқлол», ФФТ-2.
Гурӯҳи «D»: «Натсбанк», Раёсати кофтукоби ҷинояти ВКД ҶТ, ДМТ, «ТВ-Варзиш», ФФТ-1.