Роҳбари департаменти байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои наврасони то синни 16 соларо ба ҳайси ҳамоҳангсози генералӣ хизматрасонӣ мекунад. Мусобиқа аз 15 сентябр то 2 октябр дар Гоаи Ҳиндустон баргузор мегардад.
Конфедератсияи футболи Осиё Давлатманд Исломовро, ки аз соли 2011 то ин дам комиссари АФК мебошад, ҳамоҳангсози генералии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои наврасони то синни 16 сола таъин кард. Дар мусобиқа, ки дар Гоаи Ҳиндустон баргузор мешавад, шонздаҳ мунтахаби наврасони то синни 16 солаи пурқувваттарини Осиё иштирок мекунанд. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо ба чор гурӯҳи чор дастагӣқсим мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба даври баъдии мусобиқа роҳхат мегирад.
Ёдрас мешавем, ки барои баромадан ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро ҳамагӣ як голи задашуда камӣ кард. Дар марҳили интихобии мусобиқа, ки моҳи сентябри соли гузашта дар давлати Қатар баргузор шуд, дастаи мо дар гурӯҳи худ мақоми дуюмро ишғол намуд.