Дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки аз 6 то 9 август дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар марказии омӯзишии «Бонки миллӣ»-и Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, бо дастаи «Хуҷанд» бозии дӯстона гузаронд.
Бозӣ имрӯз, 2 август баргузор гардида бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи мунтахаби ҷавонон поён ёфт. Голҳои мунтахаби ҷавононро Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 40-уми қисми якуми вохӯрӣ ва дар дақиқаи 80-ум Кароматулло Саидов аз ҷаримаи пеналти ба ҳадаф расонданд. Як голи дастаи соҳили Сирдарёро Абдумалик Шодлиев ба нишон зад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ду рӯзи дигар ҷамъомади омӯзишӣ-машқии худро дар Гулистон идома дода, субҳи барвақти рӯзи 5-уми август ҷиҳати иштирок дар нахустин мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» ба Тошканди Узбекистон сафар хоҳад кард. Дар ин мусобиқа Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» муқобили ҳамсолони худ аз Туркманистон (6 август) ва Эрон (7 август) бозӣ мекунад. Дар гурӯҳи «А» бошад мунтахабҳои ҷавонони Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон баромад хоҳанд кард.
Аз рӯи ҷамъбасти натоиҷи бозиҳо ғолибони гурӯҳ дар бозии финалӣ вомехӯранд. Дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои медалҳои биринҷии мусобиқа бо ҳам вомехӯранд. Дастаҳои зинаҳои охирони гурӯҳҳо бошанд барои мақоми таскинбахши панҷум бо ҳамдигар рақобат мекунанд.
Бозиҳои мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup – U-19» барои кишварҳои иштирокчии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар варзишгоҳҳои «Жар» ва «Пахтакор» дар Тошканд баргузор хоҳанд шуд.
Бозии санҷишӣ
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – «Хуҷанд» – 2:1
Голҳо: Эҳсони Панҷшанбе, 40 (1:0). Абдумалик Шодиев, 71 (1:1). Кароматулло Саидов, 80 – аз пеналти (2:1).
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (ҳайати ибтидоӣ): Фатҳулло Бобоев, Зиёвуддин Фузайлов, Алишери Ҳотам, Табрези Давлатмир, Ҳусейн Нурматов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳоҷибой Зиёев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Муҳсин Парпиев, Шериддин Бобоев, Рустам Толибов.
«Хуҷанд» (ҳайати аввалӣ): Фарҳод Юлдашев, Шоҳрух Раҷаматов, Шероз Сангинов, Манучеҳр Ахмедов, Дилшод Каримов, Саидҷон Шарипов, Анвархон Темирхонов, Абдусубҳон Раҳимов, Меҳруллоҷон Бобоев, Дилшод Бозоров, Абдумалик Шодиев.
Аз майдон хориҷ шуд: Абдусубҳон Раҳимов («Хуҷанд»), 78 – барои фоли «умеди охирон».
Сардовар: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).
2 август. Гулистон. Варзишгоҳи «Бонки миллӣ».