Вақти аниқи баргузории бозии дӯстона байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия муайян шуд.
Бозӣ рӯзи шанбеи 27-уми август дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, ки 25 ҳазор ҷои нишаст дорад, доир мегардад. Оғози бозӣ соати 17:00.
Барои хизматрасонии ин бозӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати доваронро аз Русия даъват кардаст.
Ёдрас мешавем, ки ин бозии дӯстона шашумин муқобала байни мунтахабҳои миллии Тоҷикистону Сурия мебошад. Қаблан дар ду бозӣ мунтахаби мо ва дар се бозӣ меҳмонон пирӯз шуданд.