Муҳофизатгари мунтахаби миллии Тоҷикистон Давронҷон Эргашев, ки баъди қисми якуми чемпионати Тоҷикистон аз «Истиқлол»-и Душанбе ба «Тараз»-и Қазоқистон гузашт, баромади бобарори худро дар Премер-лигаи ин кишвар идома медиҳад.
Футболбози 28 солаи тоҷик баъди аз «Истиқлол» ба «Тараз» гузаштан, дар ҳайати дастаи наваш чор бозӣ гузаронд. Дар ин чор бозӣ дастаи Даврон Эргашев бар дастаҳои «Тобол» (3:0), «Шахтиёр» (1:0), «Иртиш» (1:0) ва «Ордобас» (3:0) пирӯз шуд. Қобили қайд аст, ки дар даври 20-уми бозиҳои Премер-лигаи Қазоқистон «Тараз» бар дастаи сармураббии собиқаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев ғолиб шуд.
Айни ҳол дастаи футболбози тоҷик бо 19 имтиёз дар зинаи 10-уми ҷадвали Премер-лигаи Қазоқистон қарор дорад. Дар даври ҷамъбастии қисми дуюми мусобиқа «Тараз» бо яке аз дастаҳои пешсафи Премер-лигаи ин кишвар – «Кайрат»-и Алма-Ато бозӣ мекунад.