Баъд аз бозии дӯстона байни «Истиқлол» ва «Локомотив» (1:2) байни мухлисон аз рӯи билетҳои даромад бозии лотореяи варзишӣ доир гардид. Бурди асосӣ – автомобили сабукрави тамғаи «Лада-Приора» насиби мухлиси хуштолеъ Баҳодур Қурбонов аз ноҳияи Восеъ шуд. Номбурда дар бозори “Ҷалҷам”-и Душанбе ҳаммолӣ мекунад. Билети ӯ дар бозии лотерея, ки баъди анҷоми бозии дӯстона баргузор шуд, бурди бузург кард. Вай соҳиби ҷоизаи аслӣ – мошини сабукрави «Лада-Приора» гардид ва мошинсавор роҳи хонаашро пеш гирифт.
«Ман бениҳоят хурсандам, ки имрӯз бахтам омад карду соҳиби автомошина шудам. Рости гап то ҳанӯз ҳам бовар намекунам, ки байни ин қадар билетҳо билети ман бурднок баромадаст. Ман ба клуби футболи «Истиқлол» барои чунин ҷашни хуби футболӣ ва инчунин бозии лотореяи варзиширо баргузор карданашон сипосгузорам! Эҳтиром ба роҳбарияти клуби футболи «Истиқлол», бахусус, ба президенти клуб Шоҳрух Саидзода», -гуфт мухлиси хуштолеъ.