«Истиқлол» бозии дӯстонаро бо «Локомотив» бохт – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» бозии дӯстонаро бо «Локомотив» бохт

“Истиқлол”-и Душанбе дар бозии байналмилалии дӯстона аз «Локомотив»-и Маскав бо ҳисоби минималии 1 бар 2 мағлуб гашт. Қисми якуми бозӣ бо бартарии “Локомотив” сурат гирифт. Ҳисобро дар дақиқаи 32-юми бозӣ меҳмонон боз карданд. Голро ниммуҳи «Локомотив» Алексей Миранчук зад.

«Истиқлол» дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ чанд лаҳзаи қуллайи голзанӣ дошт, вале аз онҳо истифода карда натавонист. Дар нимаи дувуми бозӣ «Локомотив» бо ҳайати нав ба майдон омад. Бозӣ ранги дигар гирифт. «Истиқлол» бо тамоми қувва ҳуҷум мекард.

Дар дақиқаи 53-юм ба ниммуҳофиз Дэвид Мавутор, легионери африқоии “Истиқлол”, муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи ӯ ба голи Миранчук шабоҳат дошт.

Дар дақиқаҳои охири бозӣ «Локомотив» боз пешоҳанг шуд. Голи ҳалкунандаро Петар Шкулетич ба ҳадаф расонд. ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳи мизбонон бо зарбаи сар ба дарвозаи “Истиқлол” ворид кард.

Ҳамин тариқ, «Локомотив», чемпиони дукаратаи Россия, дар ин бозии дӯстона бар “Истиқлол”, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

 

Бозии дӯстона

«Истиқлол» – «Локомотив» – 1:2

Голҳо: Миранчук, 32 (0:1). Мавутор, 53 (1:1) Шкулетич, 89 (1:2).

«Истиқлол»: Стошич, Асроров, Мавутор, Чоҳҷӯӣ, Давронов, Ковалчук, Восиев, Фатҳуллоев, Назаров, Ҷӯрабоев, Ҷалилов М.

Бозигарони эҳтиётӣ: Табрези Давлатмир, Ҷалилов Д., Алиев, Бобоҷонов, Шарипов, Эҳсони Панҷшанбе, Бобоев.

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

«Локомотив»: Ҳайати даста дар нимаи аввал: Абаев, Янбаев, Лапшов, Пейчинович, Денисов, Баринов, Серасхов, Тарасов, Касаев, Миранчук, Хенти.

Ҳайати даста дар нимаи дувум: Коченков, Логашов, Михалик, Коломейтсев, Игнатев, Шкулетич, Махатадзе, Лисов, Ндинга, Раҳмонов, Галанин.

Сармураббӣ: Игор Черевченко.

Сардовари бозӣ: Баҳром Сайдуллоев (Қӯрғонтеппа, Тоҷикистон).

26 июн. Душанбе (Тоҷикистон). Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 11 ҳазор тамошобин.

Добавить комментарий