Пайрав Воҳидов сармураббии мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон таъин шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Пайрав Воҳидов сармураббии мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон таъин шуд

Устоди дастаи футзали «Карон»-и Душанбе Пайрав Воҳидов (дар акс – дуюм аз тарафи рост) сармураббии дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Точикистон (U-20) таъин шуд.

Пайрав Воҳидов мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистонро ба бозиҳои марҳӣлаи интихобии чемпионати Осиё-2017 омода мекунад. Мусобиқаи мазкур мувофиқи тақвими Конфедератсияи футболи Осиё аз 1 то 11 декабри соли ҷорӣ доир хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем дар чемпионати Осиё-2016, ки моҳи феврали соли ҷорӣ дар Тошканди Узбекистон доир гардид, Пайрав Воҳидов ба ҳайси ёвари сармураббӣ дар мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон Ҳусейн Шодиевро кӯмак кард.

Добавить комментарий