«Истиқлол» – ғолиби қисми якуми чемпионати Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» – ғолиби қисми якуми чемпионати Тоҷикистон

Рӯзи якшанбеи 19-уми июн қисми якуми чемпинати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо баргузории се бозии боқимондаи даври мавқуфгузоштаи 8-ум ҷамъбаст шуд. Чемпиони феълии мамлакат «Истиқлол»-и Душанбе бо 23 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа мавқеи пешсафияшро нигоҳ медорад. Дружинаи Мубин Эргашев дар қисми якум дар ҳафт бозӣ пирӯз шуда, ду бозиро мусовӣ анҷом кардаст. «Истиқлол» нисбат ба «Ҳосилот», ки дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа ҷойгир аст, ҳафт имтиёз бештар дорад.

Дар даври ҷамъбастии қисми якуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, чемпиони феълӣ «Истиқлол»-и пойтахт дар майдони худ КМВА «Помир»-ро қабул кард. Баъди ду мусовии пайдарпай бо «Хайр» (0:0) ва «Ҳосилот» (1:1) ба шогирдони Мубин Эргашев ғалаба дар ин бозӣ чун обу ҳаво зарур буд ва онҳо бо душворӣ ҳам бошад тавонистанд ба пирӯзӣ муваффақ шаванд. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 15-ум нишонзани беҳтарини чемпионати имсола, ҳамлагари мунтахаби миллии Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов боз кард. Баъд аз даҳ дақиқа ниммуҳофизи мудофиачиён Фирдавс Чақалов ба задании голи зебое муваффақ шуда, дар бозӣ мақоми кворо гузошт. Чақалов баъд аз иҷрои ҳолати «стандарт» партофи ҳамдастаашро бо сар вориди даврозаи Никола Стошич кард. Ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз анҷоми қисми якуми бозӣ бошад муҳофизи «Истиқлол» ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Сиёвуш Асроров голи дуюми соҳибони майдонро ба дарвозаи Фатҳулло Бобоев зад. Қисми дуюми вохӯрӣ бидуни гол анҷом ёфт.

Дар бозии марказии давр байни «Хайр»-и Ваҳдат ва «Ҳосилот»-и Фархор ғолиб маълум нашуд. Ба голи дар дақиқаи 50-ум задаи легионери «Хайр» Агблей Ҷонес аз давлати Гана, ҳамватанаш Мусо Содиқ аз «Ҳосилот»  дар дақиқаи 73-юм бо гол ҷавоб гардонд. Баъд аз задании гол дарвозабони соҳибони майдон Миралӣ Муродов доварро бо сар зад ва дар рӯ ба рӯи худ корти сурхро дида аз майдон хориҷ шуд. Баъди аз майдон ронда шудани кипер футболбозони «Хайр»-ро зарур афтод, ки бозиро бо ҳайати даҳнафарӣ ба анҷом расонанд.

Бозии байни «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» низ дар Варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» мусовӣ анҷом ёфт. Футболбозони дастаи соҳили Сирдарё ба шарофати голи задаи Фарҳод Тоҳиров дар бозӣ ба пеш баромаданд, аммо ҳисоби вохӯриро ба фоидаи худ анҷом карда натавонистанд. Дар дақиқаи 90+2 муҳифизатгари «Хуҷанд» Шоҳрух Раҷаматов бебаророна бозӣ карда, тӯбро вориди дарвозаи дастаи худашон гардонд.

Ба ин тартиб, қисми якуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт. Дастаҳо ба танаффуси тобистона баромаднд. Ҷадвали мусобиқаро «Истиқлол» бо 23 имтиёз сарварӣ мекунад. «Ҳосилот»-и Фархор, ки нисбати чемпион ҳафт имтиёз камтар дорад, дар мақоми дуюми ҷадвали мусобиқа қарор дорад. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Барқчӣ»-и Душанбе бо 14 имтиёзӣ мутаносибан занаҳои сеюму чорумро ишғол мекунанд. Умуман, зичӣ дар ҷадвали чемпионат ба ҳаддест, ки дастаи ҷои дуюмро аз ҷои ҳаштум ҳамагӣ се имтиёз ҷудо мекунад. Ин маънои онро дорад, ки ҳоло ҳама мубориза дар пеш аст.

Акнун чемпионати Тоҷикистон баъд аз якуним моҳ аз сари нав шурӯъ мешавад ва бозиҳои даври даҳум рӯзҳои 6 ва 7-уми август доир хоҳанд шуд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозиҳои даври мавқуфгузоштаи 8-ум

«Истиқлол» – КМВА «Помир» – 2:1

Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 15 (1:0). Фирдавс Чакалов, 25 (1:1). Сиёвуш Асроров, 45 (2:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Дэвид Мауто, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Аҳтам Назаров, 46), Нуриддин Давронов, Нозим Бобоҷонов (Шериддин Бобоев, 82), Фаридун Шарипов (Парвизҷон Умарбоев, 60), Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов.

КМВА «Помир» (Душанбе): Фатҳулло Бобоев, Акмал Сабуров, Сефах Жаке Нана (Фаррух Фузайлов, 76), Комрони Мирзохон, Фирдавс Чақалов, Комрони Мирзонаҷот, Парвиз Кашкаров (Фурӯғ Қодиров, 46), Андох Наполеон (Шарафҷон Солеҳов, 82), Шамсиддин Қосимов, Шодибек Ғаффоров, Давронҷон Тухтасунов.

Огоҳнида шуданд: Петро Ковалчук («Истиқлол»), Сефах Жаке Нана (КМВА «Помир»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Сиёвуш Асроров («Истиқлол»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд) – 7,8 хол.

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе).

19 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 250 тамошобинон.

 

«Хуҷанд» – «Барқчӣ» – 1:1

Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 53 (1:0). Шоҳрух Раҷаматов, 90+2 – ба дарвозаи дастаи худ (1:1).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Шероз Абдуллоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шоҳрух Раҷаматов, Дилшод Каримов, Ҳоҷибой Зиёев, Илҳомҷон Баротов (Фирӯз Юсупов, 82), Руслан Раҳматов (Анвархон Темирхонов, 77), Фарҳод Тоҳиров, Дилшод Бозоров (Саидҷон Шарипов, 69).

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Зиёвуддин Фузайлов, Амирбек Ҷӯрабоев, Ойбек Абдуғаффоров, Отабек Каримов (Комил Саидов, 77), Мухаммадҷони Ҳасан, Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Ҳакимҷон Ҳасанов (Амирҷон Сафаров, 69), Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Руслан Раҳматов, Илҳом Баротов («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Дилшод Додобоев («Хуҷанд»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Шуҳрат Шамсиев (Истаравшан).

19 июн. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 800 тамошобинон.

 

«Хайр» – «Ҳосилот» – 1:1

Голҳо: Агблей Ҷонес, 50 (1:0). Мусо Содиқ, 73 (1:1).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Эраҷ Раҷабов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсах Даниэл Абан, Далер Шарипов, Муҳсин Парпиев (Маҳмадлоик Нуриддинов, 90+2), Яхая Мубарак, Фирӯз Шамсиев (Ҷаҳонгир Хайров, 79), Самад Шоҳзуҳуров (Баҳодур Шарифов, 88), Мисиам Иносент, Агблей Ҷонес.

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Далер Шомуродов, Мусо Содиқ, Иброҳим Рабимов, Ҳасан Рустамов, Абдурасул Раҳмонов (Саидалии Сафаралӣ, 90+3), Сафаралӣ Каримов, Соломон Течи, Орзу Додхудов (Хайрулло Азизов, 67), Ҳикматулло Расулов.

Огоҳонида шуданд: Агблей Ҷонес («Хайр»).

Аз майдон хориҷ шуд: Миралӣ Муродов («Хайр»), 74 – барои рафтори иғвогароёна

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Агблей Ҷонес («Хайр»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

19 июн. Ваҳдат. Варзишгоҳи «Хайр». 8000 тамошобинон.

 

«Парвоз» – «Вахш» – 0:0

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Асатулло Нуруллоев, Рустам Домуллоҷонов, Далер Бердиқулов, Абдурашид Мирхолиқов, Руслан Таваккалов, Олим Ҳоҷиматов (Шоҳрух Тошматов, 66), Абдураҳмон Қурбонов, Диловар Бойқузиев, Аваз Норкузиев (Бахтовар Зокиров, 82), Меҳрулло Бобоев.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Азимҷон Раҳмонов, Ҷамолиддин Зардиев (Нумонҷон Ҳакимов, 51), Эҳсон Бобоев, Собир Холматов, Алексей Негматов, Улуғбек Абдулхайров, Холмурод Назаров, Умедҷон Шарипов, Худойдод Узоқов  (Умарҷон Шарипов, 70), Аҳтам Ҳамроқулов.

Огоҳонида шуданд: Асатулло Нуруллоев, Соҳибҷон Эргашев («Парвоз»), Улуғбек Абдулхайров, Умедҷон Шарипов, Алексей Негматов («Вахш»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Далер Бердиқулов («Парвоз»).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Турдибек Қӯшназаров (Гулистон).

18 июн. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 500 тамошобинон.

 

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» – 5:0

Голҳо: Акбар Бобомуродов, 13 (1:0). Комрон Турсунов, 21 (2:0). Ромиш Ҷалилов, 29 (3:0). Ромиш Ҷалилов, 44 – аз пеналти (4:0). Меҳроҷиддин Музаффаров, 90+1 (5:0).

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев, Алишер Шарипов, Фарҳод Холбеков (Дороб Эргашев, 46), Бахтиёр Азимов, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Фирӯз Қараев (Азиз Бегов, 66), Акбар Бобомуродов, Комрон Турсунов (Меҳроҷиддин Музаффаров, 83), Ромиш Ҷалилов.

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Фаридун Қосимов (Хисрав Носиров, 71), Далер Чолов, Аваз Қамчинов (Бахтиёр Комилов, 76), Музаффар Назаров, Саидхони Амрохон, Абубакр Азимов, Комрони Саидзод (Муҳаммадҷон Сайфиддинов, 56), Фаридун Рустамов, Абдураҳмон Нозимов, Сайдамири Сайдаҳмад.

Огоҳонида шуданд: Абубакр Азимов, Музаффар Назаров («Равшан»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа) – 8 хол.

Нозири бозӣ: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

18 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 2700 тамошобинон.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 9 7 2 0 29-10 23
2 «Ҳосилот» (Фархор) 9 4 4 1 13-9 16
3 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 9 4 2 3 15-15 14
4 «Барқчӣ» (Душанбе) 9 4 2 3 13-13 14
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 9 4 1 4 17-11 13
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 9 4 1 4 12-9 13
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 9 4 1 4 9-15 13
8 «Хайр» (Ваҳдат) 9 3 4 2 14-7 13
9 «Парвоз» (Бобоҷонов Ғафуров) 9 1 2 6 7-17 5
10 «Равшан» (Кӯлоб) 9 0 1 8 8-31 1

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 10 гол, Агблей Ҷонс («Хайр») – 8 гол, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 6 гол, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш») – 5 гол, Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Андох Наполеон (КМВА «Помир») – 4 гол.

Добавить комментарий