Имрӯз, 15 июн, дар бинои Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2016 баргузор шуд.
Дар ин қисми мусобиқа даҳ дастаи лигаи олӣ ва шаш дастаи лигаи якуми мамлакат, ки тавассути марҳилаи пешакӣ ба бозиҳои 1/8 ниҳоӣ баромаданд, иштирок хоҳанд кард.
Мувофиқи Низомномаи мусобиқа дар қуръакашӣ чемпиони феълии мамлакат «Истиқлол»-и Душанбе ва ҷоизадори медалҳои нуқраи чемпионати соли гузашта «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар қисмҳои болоӣ ва поёнии сетка шинонида шуданд.
Мувофиқи қуръакашӣ дар бозиҳои 1/8 финалии Ҷоми Тоҷикистон ҷуфтҳои мазкур ташкил шуданд: «Истиқлол» (Душанбе) – «Панҷшер» (Балхӣ), «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ваҳдат» (Ваҳдат), «Равшан» (Кӯлоб) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа), «Канд» (Конибодом) – «Барқчӣ» (Душанбе), «Помир» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат), «Ҳосилот» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА «Помир» (Душанбе) ва «Саройкамар» (Панҷ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд).
Бозиҳои якуми 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 июл ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 30-31 июл доир хоҳанд шуд.
Ёдрас мешавем, ки ғолиби Ҷоми миллӣ ҳуқуқи дар дувумин сабқати бошгоҳии Осиёӣ -Ҷоми АФК-2017 иштирок карданро пайдо мекунад.
Ҷоми Тоҷикистон-2016
1/8 финал. Бозиҳои якум
23 июл (шанбе)
«Истиқлол» (Душанбе) – «Панҷшер» (Балхӣ)
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ваҳдат» (Ваҳдат)
«Равшан» (Кӯлоб) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа)
«Канд» (Конибодом) – «Барқчӣ» (Душанбе)
24 июл (якшанбе)
«Помир» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат)
«Ҳосилот» (Фархор) – «Парвин» (Бохтар)
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – КМВА «Помир» (Душанбе)
«Саройкамар» (Панҷ) – «Хуҷанд» (Хуҷанд)
1/8 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
30 июл (шанбе)
«Панҷшер» (Балхӣ) – «Истиқлол» (Душанбе)
«Ваҳдат» (Ваҳдат) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Равшан» (Кӯлоб)
«Барқчӣ» (Душанбе) – «Канд» (Конибодом)
31 июл (якшанбе)
«Хайр» (Ваҳдат) – «Помир» (Душанбе)
«Парвин» (Бохтар) – «Ҳосилот» (Фархор)
КМВА «Помир» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
«Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Саройкамар» (Панҷ)