Рӯзи чоршанбеи 15-уми июн, дар конфронс-толори Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Ҷоми миллӣ баргузор мешавад. Оғози қуръакашӣ соати 10:00.
Аз ин қисм шурӯъ карда дар мусобиқа даҳ дастаи футболи лигаи олӣ ва шаш дастаи ғолиби марҳилаи пешакии Ҷоми миллӣ иштирок хоҳанд кард. То имрӯз панҷ дастаи ғолиби марҳилаи пешакии ин мусобиқа маълум аст. Дастаи шашум дар бозии ҷавобӣ байни дастаҳои “Сомон”-и Данғара ва “Помир”-и Душанбе, ки рӯзи сешанбеи 14 июн, соати 17.00 дар Варзишгоҳи марказии Данғара баргузор мешавад, маълум хоҳад гашт. Бозии якуми ин дастаҳо дар Душанбе бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи дастаи пойтахт анҷом ёфт.
Мувофиқи тақвими мусобиқа бозиҳои якуми 1/8 финали Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 июл ва бозиҳои ҷавобӣ рӯзҳои 30-31 июл доир мегарданд.