Чемпионати Тоҷикистон: пирӯзии боиродаи “Барқчӣ” ва ғалабаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Тоҷикистон: пирӯзии боиродаи “Барқчӣ” ва ғалабаи “Хуҷанд” дар меҳмонӣ

Алоқамандона ба иштироки мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили мунтахаби Бангладеш, пас аз танаффуси сеҳафтаина бозиҳои даври навбатии чемпионати мамлакат байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

Рӯзи шанбеи 11-уми июн ду бозии даври нуҳуми чемпионат доир гардид. “Барқчӣ”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе дастаи футболи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдатро қабул кард. Бозӣ хеле шавқовару диданӣ ҷараён гирифта бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи футболбозони пойтахт анҷом ёфт. Ҳисоби вохӯриро дар дақиқаи 25-уми бозӣ легионерои “Хайр” аз давлати Гана Агблей Ҷонес боз кард. Ин голи ҳафтуми Агблей дар чемпионати имсола мебошад. Дар дақиқаҳои охири қисми аввали бозӣ мемонони ваҳдатӣ дар ҷаримагоҳи дастаи худ қоидаи бозиро вайрон карданд ва сардовари бозӣ Беҳрӯз Муртазоев аз шаҳри Душанбе зарбаи пеналти таъин намуд, ки онро ниммуҳофизи барқчиён Ойбек Абдуғаффоров ба самар расонд. Дар дақиқаи 56-уми бозӣ барои бори дуюм бо корти зард огоҳонида шудан ниммуҳофизи “Хайр” Маҳмадалӣ Содиқов аз майдон хориҷ шуд. Баъди 21 дақика бошад муҳофизатгари “Барқчӣ” Табрези Давлатмир барои таҳқири бозигари дастаи ҳариф корти сурх гирифта майдонро тарк намуд. Голи ғолибияти барқчиёнро чор дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ нимуҳофиз Муҳамадҷони Ҳасан ба нишон зад. Ба ин тартиб, бозӣ бо ҳисоби 2 бар 1 ба фоидаи дружинаи Рустам Хоҷаев анҷом ёфт.

Дар бозии дигари ин давр “Равшан” дар майдони худ витсе-чемпиони феълии мамлакат “Хуҷанд”-и Хуҷанндро қабул кард. Ин бозӣ низ хеле шавқовару ҷоззиб ҷараён гифта бо ҳисоби 3 бар 2 ба фоидаи меҳмонони соҳили Сирдарё анҷом ёфт. Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 8-ум ҳамлагари меҳмонон Дилшод Бозоров боз кард. Дар дақиқаи 22-юм Саидхони Амрохон голи соҳибони майдонро зада ҳисобро баробар сохт. Баъд аз се дақиқа ҳамлагари “Хуҷанд” Фарҳод Тоҳиров боз меҳмононро ба пеш баровард. Дар миёнаи қисми дуюми бозӣ ҳамлагари мунтахаби наврасони Тоҷикистон Аваз Қамчинов голи дуюми кӯлобиҳоро зада ҳисобро боз баробар намуд. Вақти асосии бозӣ бо ҳамин ҳисоб ба анҷом расид. Вале дар дақиқаи 4-уми ба вақти асосии бозӣ илова намудаи сардовар Шоҳрух Раҷаматов голи сеюми хуҷандиҳоро зада бозиро бо ғалабаи дастаи соҳили Сирдарё анҷом кард.

Пагоҳ, 12 июн, боз се бозии даври нуҳуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ доир хоҳад шуд. Чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии марказии давр ба ноҳияи Фархор ба меҳмонии “Ҳосилот” ташриф меорад. Инчунин, дар ин давр дастаҳои “Вахш” – “Регар-ТадАз”  ва КМВА “Помир” – “Парвоз” бо ҳамдигар вомехӯранд.

 

Чемпионати  Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 9-ум

«Равшан» – «Хуҷанд» – 2:3

Голҳо: Дилшод Бозоров, 8 (0:1). Саидхони Амрохон, 22 (1:1). Фарҳод Тоҳиров, 25 (1:2). Аваз Қамчинов, 69 (2:2). Шоҳрух Раҷаматов, 90+4 (2:3).

«Равшан» (Кӯлоб): Амирҷон Ҳоҷимуродов, Сайдамири Сайдаҳмад, Абдурамон Нозимов, Фаридун Рустамов, Абубакр Азимов, Зокир Абдулхайров, Хисрав Носиров (Фаридун Қосимов, 30), Комрони Саидзод (Ширин Наимов, 46), Саидхони Амрохон (Бахтиёр Комилов, 78), Музаффар Назаров, Аваз Қамчинов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Ахмедов, Шоҳрух Раҷаматов, Шероз Абдуллоев, Ҳоҷибой Зиёев, Саидҷон Шарипов, Анвархон Темирхонов (Фирӯз Юсупов, 46), Дилшод Каримов, Фарҳод Тоҳиров (Марифҷон Марифбоев, 78), Дилшод Бозоров (Илҳом Баротов, 39).

Огоҳонида шуданд: Манучеҳр Ахмедов, Шероз Абдуллоев («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣШоҳрух Раҷаматов («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш) – 8,2 хол.

Нозири бозӣ: Салоҳиддин Бухориев (Восе).

11 июн. Кӯлоб.Варзишгоҳи марказӣ. 3000 тамошобинон.

 

«Барқчӣ» – «Хайр» – 2:1

ГолҳоАгблей Джонес, 25 (0:1). Ойбек Абдуғаффоров, 44 – аз пеналти (1:1). Муҳаммадҷони Ҳасан, 84 (2:1).

«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Ойбек Абдуғаффоров, Зиёвуддин Фузайлов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (Комил Саидов, 64), Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Ҳамроқулов (Амирҷон Сафаров, 69).

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Эраҷ Раҷабов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсах Даниэл Абан, Далер Шарипов, Баҳодур Шарифов, Муҳсин Парпиев (Самад Шоҳзуҳуров, 84), Маҳмадалӣ Содиқов, Яҳая Муборак, Мисиам Иносент, Агблей Джонес.

Огоҳонида шуданд: Муҳаммадҷони Ҳасан, Кароматулло Саидов, Отабек Каримов, Табрези Давлатмир  («Барқчӣ»), Баҳодур Шарифов, Менсах Даниэл Абан, Яҳая Мубарак, Агблей Джонес («Хайр»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Маҳмадалӣ Содиқов («Хайр»), 56 – корти 2-юми зард, Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), 77 – барои таҳқири бозигари дастаи ҳариф.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣХуршед Маҳмудов («Барқчӣ»).

СардоварБеҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 4 хол.

Нозири бозӣ: Алишер Урунов (Душанбе).

11 июн. Душанбе. Варзишгоҳи «Авиатор». 1500 тамошобинон.

 

12 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:00

 «Ҳосилот» – «Истиқлол»

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Ёварон: Акмал Буриев (Турсунзода), Вафо Қараев (Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири бозӣ: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Фархор, Варзишгоҳи марказӣ

 

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Ёварон: Дилшод Назипов (Ҳисор), Насим Ҳамидов (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Алимирзо Хоҷаев  (Қӯрғонтеппа).

Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

Қӯрғонтеппа, Варзишгоҳи «Пахтакор»

 

КМВА «Помир» – «Парвоз»

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

Ёварон: Ғайрат Мирзоалиев, Холмурод Абдусаломов (ҳар ду аз Шаҳринав).

Довари эҳтиётӣ: Комил Раҳмонов (Ҷайҳун).

Нозири бозӣ: Владимир Домладжанов (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 7 6 1 0 26-9 19
2 «Ҳосилот» (Фархор) 7 4 2 1 11-7 14
7 «Барқчӣ» (Душанбе) 8 4 1 3 12-12 13
3 «Хайр» (Ваҳдат) 8 3 3 2 13-6 12
8 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 4 0 4 8-14 12
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 7 3 1 3 11-9 10
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 7 3 1 3 8-7 10
6 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 7 3 1 3 13-14 10
9 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 1 1 5 7-14 4
10 «Равшан» (Кӯлоб) 8 0 1 7 8-25 1

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 8 гол, Агблей Джонес («Хайр») – 7 гол, Фатҳхулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш») – 4 голӣ.

Добавить комментарий