Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов, инчунин бозигарон капитани даста Нуриддин Давронов ва нимуҳофиз Аҳтам Назаров ғалабаи мунтахаби Тоҷикистонро бар Бангладеш дар бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо ҳисоби 1 бар 0 шарҳ доданд. Мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бо ҳисоби 6 бар 0 пирӯз шуда ба марҳилаи гурӯҳии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат гирифт.
Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон:
– Бозӣ барои мо он қадар осон набуд. Дар давоми тамоми вақти бозӣ борон борид, ва боду ҳаво ба рафти бозӣ таъсир расонд. Ҳолати майдон он қадар хуб набуд. Ҳариф бисёр хоҳиши дар майдони худ ғолиб шуданро дошт, аммо мо бисёр хурсандем, ки бозӣ ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Ман аз бозии имрӯзаи футболбозони худ розиям. Онҳо дастурҳои ситоди мураббиёнро барои бозӣ иҷро карданд. Дар ин бозӣ дастаи мо бартарият дошт. Мо бештар тӯбро соҳиб будем ва лаҳзаҳои голзаниро низ созмон дода, имконияти зиёд кардани ҳисобро доштем.
– Баъди дар хона бо ҳисоби калони 5 бар 0 дастболо шудан, ғалаба бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дар бозии имрӯза шуморо қонеъ мекунонад?
– Бале. Бозӣ кардан осон набуд. Ва ман низ фикр мекунам, ки ҳисоб ба бозӣ мувофиқ аст. Бачаҳо як қадар худро бероҳат ҳис карданд. Мо ба бозӣ дар майдони сунъӣ омодагӣ дидем, дар ин ҷо бошад дар майдони сабзааш табии бозӣ кардем ва боз борони зиёд борид, ки ба бозӣ таъсир расонд. Натиҷа барои мо хуб аст. Дар бозӣ бошад, мо ҳоло мушкилиҳои зиёд дорем, ки онҳоро ислоҳ ва ҳал хоҳем кард. То оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 вақт дорем. Имрӯз, мо вазифаи аввалиямонро иҷро кардем.
– Шумо дар бораи мушкилиҳои обу ҳаво ва майдон гуфтед, амо оиди тағийротҳо дар тактикаи мунтахаби Бангладеш чизе нагуфтед. Ин барои шумо то чӣ андоза навгонӣ буд?
– Дида мешуд, ки дастаи шумо хоҳиши зиёди ғолиб шуданро дошт. Вале ман умуман бозии дастаи ҳарифро шарҳ намедиҳам. Ин нодкруст ва беназокатӣ (некорректно) аст. Ман бештар ба бозии бачаҳои худам аҳамият медиҳам ва танҳо дар бораи дастаи худ сухан мегӯям.
– Аз кадом ҳисоб шумо имрӯз ба комёбӣ расидед?
– Бачаҳо дастури мураббиёнро ба бозӣ иҷро карданд. Онҳо бисёр интизоми хуб ва худфидоӣ нишон доданд. Бисёр кӯшиш карданд, ки дар чунин майдони душвор бозии хуб нишон диҳанд. Онҳо матонату мардонагӣ зоҳир карданд ва омилҳои асосии ғалаба ҳамҳаминҳо ҳастанд.
Нуриддин Давронов, капитани мунтахаби Тоҷикистон, беҳтарин бозигари вохӯрӣ:
– Он гуна, ки интизорашро доштем, бозӣ бисёр душвор шуд. Мо медонистем, ки Бангладеш дар майдони худ аз ҳуҷумҳои ҷавобӣ истифода карда, он гуна ки дар футбол мегӯянд аз рақами ду бозӣ мекунад. Бачаҳои мо хоҳиши зиёди ғалаба карданро доштанд ва худатон дидед, ки барои ин тамоми қувваашонро сарф карданд. Фикр мекунам, ки мо дастурҳои сармураббиямонро оиди бозӣ иҷро кардем. Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам мухлисони футболи тоҷикро табрик намоям. Ташаккур ба ҳамаи мухлисоне, ки моро дастгирӣ карда, ба мо бовар доранд!
Аҳтам Назаров, нимуҳофизи мунтахаби миллии Тоҷикистон, муаллифи голи ғолибият:
– Бисёр бозии хуб шуд. Боду ҳаво ба бозӣ таъсири сахт расонд. Голи задаи мо дар дақиқаҳои аввали бозӣ ба бачаҳо боварӣ бахшид. Мо имрӯз хоҳиши бештари ғолиб шуданро доштем ва ғолиб шудем. Ташаккур ба ҳамаи он мухлисоне, ки ба мо боварӣ доранд ва моро дастгирӣ мекунанд. Мехоҳам ҳамаи онҳоро ба ғалаба табрик созам. Мо мехоҳем дар майдон кӯшиш карда, бо ғалбаҳо мухлисони худро шод намоем.