Ҳаким Фузайлов: «Мо ба бозии ҷавобӣ ҷиддӣ омодагӣ мебинем» – Федерация Футбола Таджикистана

Ҳаким Фузайлов: «Мо ба бозии ҷавобӣ ҷиддӣ омодагӣ мебинем»

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов дар арафаи бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили мунтахаби Бангладеш дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ иброз намуд, ки дастаи ӯ ба бозии ҷавобӣ ҷиддӣ омода аст.

 

Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон:

– Мо аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамагӣ дар масофаи як қадам қарор дорем. Новобаста аз он ки дар бозии якум мо бо ҳисоби калони 5 бар 0 ғалба кардем, ба бозии ҷавобӣ ҷидӣ омодагӣ мегирем.Боду ҳавои Дакка аз мо фарқ дорад ва ман ҳатто инро муқоиса намекунам, ки хуб аст ё бад. Мо ба бозӣ бисёр ҷиддӣ омодагӣ мегирем. Инро плей-оф мегӯянд ва он аз ду бозӣ иборат аст. Дар бозии аввал дар Душанбе мо ғолиб шудем ва пагоҳ боз як бори дигар бо мунтахаби Бангладеш рақобат мекунем. Мо ба ин бозӣ аз рӯи нақша омода мешавем. Бозӣ дар Душанбе бошад, алакай, таърих аст. Ба пеш рафтан лозим аст.

– Дар ҳайати дастаи шумо нисбат бба бозии якум тағийротҳо мешаванд?

– Бале, мешаванд. Чанд тағийрот ва кадом хел дигаргуниҳо мешаванд, инро пагоҳ дар бозӣ хоҳем дид.

Пагоҳ боз дастаи шумо метавонад, ки  бо ҳисоби 5 бар 0 ба мунтахаби  Бангладеш ғалаба кунад?

– Ин футбол аст. Пешакӣ дар бораи ягон натиҷа сухан рондан лозим нест. Мо мунтахаби Бангладешро чун дигар ҳарифонамон эҳтиром мекунем. Футболро барои ана ҳамин пешгӯӣ нашуданаш дӯст медоранд.

Нуриддин Давронов, капитани мунтахаби Тоҷикистон:

– Пеш аз ҳама мехоҳам тамоми мардуми мусулмони дунёро ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборакбод  гӯям. Дар бораи бозӣ бошад, фикр мекунам, сармураббиямон ҳама чиро гуфтанд. Фақат метавонам ҳаминро илова кунам, ки мо ба бозӣ пура омодаем. Боварӣ дорам, ки ҳамаи бачаҳо кӯшиш мекунанд, ки бозии хуб нишон диҳанд ва бо сари балан ба Ватан баргардем. Барои ин ба фикрам мо ҳама имкониятро дорем.

Добавить комментарий