Мунтахаби миллии Тоҷикистон ниммаи аввали рӯзи 5 июн сиҳату саломат барои иштирок дар бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили мунтахаби Бангладеш ба Дакка расид.
Баъд аз гузаштани дидбонгоҳои гумрукиву сарҳадӣ мунтахаби миллии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи «Пан Патсифик Сонаргаон» ҷойгир шуд ва замони будубоши худ дар Бангладеш дар ҳимин меҳмонхона истқомат хоҳад кард.
Баъд аз истироҳати кӯтоҳ ситоди мураббиёни тими милӣ баргузории мушғулиятҳои тамриниро ба нақша дорад ва он соати 17.00 гузаронида мешавад.
Ёдрас мешавем, ки бозии ҷавобии плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни мунтахабҳои миллии Бангладешу Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 7-уми июн, дар варзишгоҳи Бангабандуи Дакка, соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:00) ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Бозии аввал миёни ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе бо ҳисоби калони 5 бар 0 ба фоидаи футболбозони Тоҷикистон анҷом ёфт
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили Бангладеш:
Дарвозабонҳо: Алишер Додов («Регар-ТадАЗ»), Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон);
Муҳофизон: Эраҷ Раҷабов («Хайр»), Далерҷон Тухтасунов («Ҳосилот»), Табрези Давлатмир («Барқчӣ»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳар ду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»);
Ниммуҳофизон: Умедҷон Шарипов («Вахш»), Амирбек Ҷӯрабоев, Эсони Панҷшанбе (ҳар ду аз «Барқчӣ»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Парвизҷон Умарбоев, Нозим Бобоҷонов, Фаридун Шарипов, Нуриддин Давронов (ҳама аз «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Ҷаҳонгир Эргашев («Динамо», Брест, Белорус), Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳар ду аз «Истиқлол»), Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»).
Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.