Бозиҳои даври ҳаштум рӯзҳои 18-19 июн баргузор мешаванд – Федерация Футбола Таджикистана

Бозиҳои даври ҳаштум рӯзҳои 18-19 июн баргузор мешаванд

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ва баромади бомуваффақият дар бозиҳои плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили тими миллии Бангладеш (2 ва 7 июн) бозиҳои даври ҳаштуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба вақти дигар гузаронида шуданд.

Бозиҳои даври ҳаштум, ки мувофиқи тақвими чемпионат бояд рӯзҳои 28-29 май баргузор мешуданд ба рӯзҳои эҳтиётии 18 ва 19 июн гузаронида шуданд.

Рӯзи 18 июн ду бозӣ – “Парвоз” – “Вахш” ва “Регар-ТадАЗ” – “Равшан” доир хоҳад шуд. Се бозии боқимонда – “Истиқлол” – КМВА “Помир”, “Хуҷанд” – “Барқчӣ” ва “Хайр” –“Ҳосилот” рӯзи 19 июн баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври нуҳум мувофиқи тақвими бозиҳои чемпионат рӯзҳои 11 ва 12 июн доир мешаванд. 

 

Чемпионати  Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Даври 9-ум

11 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:00

«Равшан» – «Хуҷанд»

«Барқчӣ» – «Хайр»

12 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:00

«Ҳосилот» – «Истиқлол»

«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»

КМВА «Помир» – «Парвоз»

 

Даври 8-ум

18 июн (шанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:30

«Парвоз» – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан»

19 июн (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 18:30

«Истиқлол» – КМВА «Помир»

«Хуҷанд» – «Барқчӣ»

«Хайр» – «Ҳосилот»

Добавить комментарий