Ба ифтихори таҷлили рӯзи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиё, имрӯз, 16 май, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе фестивали футбол бо иштироки 100 нафар кӯдакон доир гардонида шуд.
Мақсади асосӣ аз баргузории Фестивал ҷалби шумораи бештари кӯдакон ба бозии футбол ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Фестивали анъанавӣ бо тамрини футбол таҳти садои мусиқӣ оғоз шуд, ки онро роҳбари шӯъбаи футболи оммавии Федератсияи футболи Тоҷикистон Владимир Домлоҷонов гузаронданд.
Баъд аз он бачаҳо дар ҳар як қитъаи майдон ба гурӯҳҳо тақсим шуда ба тамринҳои футбол фаро гирифта шуданд. Бачаҳо дар машғулиятҳо хеле фаъолона ширкат доштанд. Пас аз адои тамринҳои футбол ба кӯдакони иштирокчӣ тӯҳфаҳои Конфедератсияи футболи Осиё тақдим шуданд. Фестивал хеле ҷолибу шавқовар баргузор шуда ба кӯдакон маъқул афтод.