Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон имрӯз, 12 май, ҷаласаи навбатии Кумитаи интизомӣ таҳти раёсати раиси Кумита Тоҳир Нурзода доир шуда, қарорҳои зеринро қабул намуд:
— барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои Низомномаи баргузории бозиҳои чемпионат оиди варзишгоҳҳо) дар бозии дастаҳои лигаи олӣ байни “Хайр” (Ваҳдат) – “Регар-ТадАз”(Турсунзода) (7 май), дастаи “Хайр” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шавад.
— барои вайрон кардани банди 13 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (иҷро накардани талаботҳои Низомномаи баргузории бозиҳои Лигаи якуми мамлакат оиди варзишгоҳҳо) дар бозии дастаҳои лигаи якум байни “Кӯктош” (Рӯдакӣ) – “Ҳулбук”(Восе) (8 май), дастаи “Кӯктош” ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шавад.
— барои вайрон кардани банди 7 боби 5 Кодекси интизомии ФФТ (рафтори иғвогароёнаи тамошобинон, ки боиси бетартибиҳо дар варзишгоҳ мегардад) дар бозии мусобиқаи Лигаи якуми Тоҷикистон байни дастаҳои “Саройкамар” (Панҷ) — “Помир” (Душанбе) (7 май), дастаи “Саройкамар” ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шавад.
— барои вайрон кардани банди 17 боби 7 Кодекси интизомии ФФТ (ишораҳои таҳқиромез нисбати дастаи ҳариф) дар бозии мусобиқаи байни ҳайатҳои ҷавонони дастаҳои лигаи олӣ байни “Барқчӣ” (Душанбе) — КМВА “Помир” (Душанбе) (7 май), бозигари дастаи “Барқчӣ” Ҷовидони Идибкзода аз ҳуқуқи иштирок кардан дар 2 бозии навбатӣ маҳрум карда шавад.