Бозии якуми плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2016 байни мунтахабҳои Тоҷикистону Бангладешро ҳайати доварон аз Сурия ҳакамӣ мекунанд.
Сардовари бозӣ рефери 27 солаи ФИФА Ханна Хаттаб (дар расм сеюм аз тарафи чап) таъин шудаст. Ӯро дар канори майдон ҳамватананонаш ёварони рефери ФИФА Али Аҳмадии 35 сола ва Мазен Зазфуни 38 сола кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро рефери 33 солаи ФИФА Ферас Тавил ба зимма дорад. Нозири доварон Масуд муродӣ аз Эрон ва камиссари бозӣ Чен Хин Чун аз Ҳонконг таъин шуданд.
Барои Ханна Хаттаби 27 сола бозии байни мунтахабҳои Тоҷикистон – Бангладеш дар арсаи байналмилалӣ дувумин бозие аст, ки ӯ ба ҳайси сардовар хизматрасонӣ мекунад. Ханна Хатаб қаблан дар бозиҳои Ҷоми КФО-2016 ба ҳайси сардовар дар бозии байни дастаҳои футболи “Ҷоҳор Дарул Такзим” (Малайзия) ва “Лао Тойота” (Лаос) – 3:0 фаъолият намудаст.
Ҳаминро қайд мекунем, ки бозии якуми плей-оффи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 байни мунтахабҳои Тоҷикистону Бангладеш рӯзи 2 июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Оғози бозӣ соати 20.00 ба нақша гирифта шудаст.