Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 3 май нишасти хабарӣ бо иштироки сармураббии нави мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов доир гардид. Дар ин нишасти хабарӣ Ҳаким Қаюмович ба суолҳои хабарнигорон оиди ситоди мураббиён, мақсаду вазифаҳо ва дигар мавзуҳои вобаста ба мунтахаби миллии Тоҷикистон посух дод, ки онро пешкаши шумо мегардонем.
– Салом. Рӯзи шумо ба хайру шодӣ бошад, – оғоз намуд сухани худро Ҳаким Қаюмович. Ба фикрам ҳамаи шумо хуб медонед, ки ман аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ҳайси ҷонишини директори департаменти техникӣ фаъолият мекунам. Баъд аз баромади бебарори мунтахаби милии Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаҳои интихобии ҶҶ-2018 ситоди мураббиёни даста ба пуррагӣ ба истеъфо равон карда шуд. Дар ҳақиқат, ҳамагӣ чанд рӯз қабл, роҳбарӣ кардани мунтахаби миллӣ ба ман пешниҳод шуд. Дар назди даста вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд, ки аввалиндараҷаи онҳо гузаштан аз бозиҳои плей-офф муқобили мунтахаби Бангдадеш ва ҳамроҳшавӣ ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 мебошанд. Бозиҳои плей-офф бо мунтахаби Бангладеш рӯзҳои 2 ва 7 моҳи июн доир мешаванд. Ва табиист, ки дар оянда вазифаи асосии мо баромадан ба марҳилаи ниҳоии ин мусобиқа аст. Кор бо мунтахаби миллӣ аллакай оғоз шудааст. Вазифаи аввалиндараҷаи ман бошад, айни ҳол созмон додани ситоди мураббиёни мунтахаби миллӣ мебошад. Зеро як нафарро аз иҷрои ин вазифа баромадан бисёр мушкил аст. Ба мо пеш аз ҳама зарур аст, ки як ситоди мураббиёни воқеан ҳам хубро таъсис дода, ҳар яке аз паи иҷрои вазифаи худ шавем.
– Шумо дар мунтахаби миллӣ чӣ навгониҳоеро ворид мекунед ва тими миллии моро чӣ тағйиротҳое интизоранд?
– Пеш аз ҳама, бозиҳои чемпионати миллиро тамошо карда, номзадҳо ба узвияти мунтахаби миллиро муайян карданамон зарур аст. Ҳозир бошад ман бозиҳои чемпионати кишварро дида истода, фикр мекунам, ки ҳайати мунтахаби миллӣ ба ҷавон кардан зарурат дорад. Дар бораи он ки дар Тоҷикистон бачаҳои болаёқат зиёданд, ҳеҷ ҷои шубҳа нест. Баъзе мушкилиҳо дар дохили клубҳои футбол, дар ҷараёни тамрини онҳо ҷой дорад, ки ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намудан лозим аст. Ҳамеша бо мураббиён дар тамос будану ба номзадҳои мунтахаби миллӣ вазифаҳои мушаххас додан низ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мо хоҳад шуд. Дар ин самт фаъолият идома дорад ва ёварони ман ба наздикӣ муайян мешаванд. Албатта, дар ситоди мураббиёни мунтахаби миллӣ номҳои нав пайдо мешаванд.
– Шумо ситоди мураббиёни худро муайян кардед?
– Нисфашро. Бо бачаҳо сӯҳбат доштем ва айни замон ба пуррагӣ гуфта метавонам, ки менеҷери мунтахаби миллии Тоҷикистон Улуғбек Каримов таъин мегардад. Ба ситоди мураббиёни даста Рустам Хоҷаев ва мураббии дарвозабонҳо Амоншо Содатсайров шомил мешаванд. Рӯзҳои наздик мураббии омодагии ҷисмонии даста низ муайян мегардад. Мунтахаби миллӣ ба чунин мутахассис ниёз дорад. Ситоди тиббии даста низ бисёр муҳим аст ва дар ин самт ҳам гуфтугӯҳо рафта истодаанд.
– Дар расонаҳои иттилоотии узбекӣ хабаре паҳн шуд, ки то таъин шудани шумо ба вазифаи сармураббии мунтахаби милии Тоҷикистон аз бошгоҳи футболи “Шуртан”-и ин кишвар ба шумо пешниҳод шуда буд? То чӣ андоза ин хабар ҳақиқат дорад?
– Якчанд пешниҳодҳо буданд. Аммо, аз моҳи январи соли ҷорӣ ман розӣ шудам, ки дар Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолият кунам. Маслиҳатамон бо ноиби аввали президенти Федератсия Хуршед Файзуллозода дар он буд, ки агар кори ман барои Федератсия муфид бошад, ман дар ФФТ монда, фаъолият мекунам. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби худ баррасӣ ва ҷавоб гуфтан ба пешниҳодҳои дигар бошгоҳҳову Федератсияҳоро беназокатона (некорректно) мешуморам.
– Даста омодагиро ба бозӣ муқобили Бангладеш кай оғоз мекунад?
–Омодагӣ, алакай, рафта истодааст. Мо номзадҳоро ба узвияти мунтахаби миллӣ дида истодаем. Ба рӯйхати кушоди даста 32 бозигар шомил аст. Бо онҳо аз наздик шинос шудан бисёр муҳим аст. Мақсад дорем, ки дар фосилаи байни бозиҳои чемпионат онҳоро ҷамъ карда, байнашон бозии санҷишӣ гузаронем ва ҳам аз наздик шинос шавем. Баъд аз ин, хулоса мекунем, ки кадом бозигар бояд ба бозӣ муқобили Бангладеш омодагӣ бигирад.
– Муҳсин Муҳамадиев ваъда карда буд, ки мунтахаби миллиро ба марҳилаи ниҳоии ҶҶ-2018 мебарорад. Аммо ин кор ба ӯ даст надод. Шумо тавони ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 баровардани мунтахаби миллиро доред?
– Ин вазифа дар назди даста гузошта шудааст.Аввалан, он чиро ки Муҳсин Муҳамадиев ва ё дигар сармураббиёни пешини даста гуфтанд, аз ҷониби худ шарҳ додану таҳлил карданашонро беназокатӣ (некорректно) мешуморам. Баъдан бояд бигӯям, ки бисёрии онҳо аз дӯстони наздики ман ҳастанд. Аз ин рӯ, беодобӣ ва беназокатӣ мешавад, агар ман кори онҳо ва чӣ гуфтанашонро шарҳу тафсир кунам. Дар бораи вазифаҳои дар назди ситоди мураббиён ва мунтахаби миллӣ гузошташуда бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки мунтахаби миллии мо имкони пурра иҷро кардани онҳоро дорад. Имрӯз бошад, дар ҳама ҷо футбол бозӣ карданро ёд гирифтанд. Аз ин лиҳоз, нисбати ҳамаи рақибон бояд эҳтиром дошт ва ба бозӣ муқобили онҳо пурра омода шудан лозим аст. Он тарфашро вақт нишон медиҳад, ки мутаассифона барои мо хеле кам мондааст. Аз ҷониби дигар, шартномаро ба имзо расонидани ман бошад ба он маъност, ки бояд аз паи иҷрои ин вазифаҳо бошам.
– Шумо ягон барномаи муайяни кор бо мунтахаби миллиро дар даст доред? Бештар ба кадом самт таваҷҷӯҳ зоҳир мекунед?
– Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳуҷум бозӣ карданро одат кардаст. Аммо, ман мехостам дар ин муҳлати кӯтоҳ дар бозии даста андаке тағйирот ворид кунам. Пеш аз ҳама аз лиҳози интизомӣ. Мутаассифона, имрӯз дар мунтахаби миллиямон интизоми бозикунӣ хуб нест. Дар ин самт фаъолияти ҷиддӣ лозим аст. Онеро, ки дар Тоҷикистон бо тӯб хуб бозӣ карда ҳуҷум карда метавонанд, ҳамагӣ медонем. Мутаассифона, дар ҳимоя, дар интизоми бозикунӣ мушкилиҳо ҷо доранд. Агар мо муваффақ шавем ба бачаҳо фаҳмонем, ки ҳар яки онҳо бояд дар майдон вазифаи мушаххаси худро анҷом кунад, он гоҳ албатта ба натиҷа хоҳем расид.
– Сармураббии “Терек” Рашид Раҳимов дар мусоҳибааш бо расонаҳои хабарии россиягӣ оиди мунтахаби миллии Тоҷикистон гуфт, ки сатҳи футболи тоҷик бисёр паст аст. Шумо дар ин мавзӯ чӣ назар доред?
– Шумо Раҳимовро андаке нодуруст иқтибос мекунед. Ман мусоҳибаи ӯро дар хотир дорам. Бисёриҳо аз Рашид сахт ранҷиданд. Рашид Раҳимов футболбози маъруф буд ва имрӯз мураббии бисёр хуб ҳам ҳаст. Дар ҳама ҷо ӯро мутахассиси тоҷик ном мебаранд, ки шуниданаш бисёр гуворо аст. Аммо, Рашид тамоман дар мавзуи дигар сухан ронд. Ӯ ҳаргиз нагуфт, ки футболи Тоҷикистон бисёр заиф ва дар ин ҷо футболбозон нестанд. Боз мегӯям, ки шумо андаке нодуруст фаҳмидед. Вай гуфт, ки барои расидан ба натиҷаҳои баланд, ҳатман дастгирӣ ва барномаи давлатӣ лозим аст. Дар Тоҷикистон истеъдодҳои болаёқат ва футболбозони хуб хеле зиёданд. Худи мо дар ин ҷо тарбият шуда, бозиро ёд гирифтем.
– Мо медонем, ки шумо таҷрибаи хуби мураббӣ-селектсионерро доред. Ҳоло бошад шумо сармураббии мунтахаби милӣ ҳастед. Метавонед бигӯед, ки кай дар ҳайати мунтахаби миллӣ ҳамлагари голзане ба мисли Ҷейми Варди аз “Лестер” пайдо мешавад? Ё ки шумо низ чун мураббиёни қаблӣ ба Манучеҳр Ҷалилов умед мебандед?
– Албатта, не! Дар такя бо ҳайати имрӯзаи мунтахаби миллӣ ба дигар футболбозони ҷавон низ умед бастан мумкин аст. Барои мисол Ҷаҳонгир Эргашевро номбар мекунам, ки ҳозир дар чемпионати Белорус, дар “Динамо”-и Брест хеле ҳам хуб бозӣ мекунад. Хушбахтона, Ҷаҳонгир дар даста мутобиқ шуда, гол ҳам зада истодааст. Аз ҳеҷ кас сарфи назар намекунем. Дари мунтахаби миллӣ ба рӯи ҳама боз аст. Аммо, дар оне ки ба ҳайати мунтахаби миллӣ бозигарони ҷавони болаёқат ҷалб мешаванд, ҳеҷ ҷои шубҳа нест. Вазифаи мо дарёфт ва ба ҳайати мунтахаби миллӣ ҷалб кардани он ҷавононе аст, ки дар ҳақиқат, дар майдон барои мунтахаби Тоҷикистон талош кунанд. Ин бисёр муҳим аст.
– Мунтахаби Тоҷикистон айни замон дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад. Шумо оиди шаҳрвандкунонии (натурализации) бозигарони хориҷӣ чӣ назар доред?
– Имрӯз дар футболи ҷаҳонӣ шаҳрвандкунонии бозигарони хориҷӣ як амали маъмулист ва ҳеҷ ҷои бадӣ надорад. Вале аз рӯи қоидаҳои ФИФА, легионер бояд дар кишвар на камтар аз панҷ сол истиқомат кунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки аз мунтахаби миллии дигар мамлакат бозӣ накарда бошад. Оиди ҳамватанони мо, ки дар клубҳои футболи Россия бозӣ мекунанд, як мушкил ҷой дорад. Онҳо новобаста ба шиносномаи ин давлатро доштанашон, агар аз мунтахаби Тоҷикистон бозӣ кунанд, дар Россия легионер ҳисоб мешаванд. Соли 2018 дар Россия чемпионати ҷаҳон доир мешавад ва онҳо бо ин роҳ, мақсади баланд бардоштани сатҳи футболи худро доранд. Мушкил дар футболбозони ҳамватани мо нест. Онҳо омодаанд, ки аз мунтахаби Тоҷикистон баромад кунанд. Ин ҷо мушкил дар дохили клубҳое аст, ки ҳамватанони мо дар онҳо бозӣ мекунанд.
– Дар сурати баромадн ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бозии навбатии расмии мунтахаби Тоҷикистон моҳи марти соли оянда баргузор мешавад. Баргузории бозиҳои санҷиширо дар нақша доред?
– Албатта, мо кӯшиш мекунем, ки дар ҳар равзанаи ФИФА бачаҳоро даъват кунем. Барои ин бошад баргузории бозиҳои дӯстона лозим аст. Айни замон департаменти техникӣ ва шӯъбаи дастаҳои мунтахаби Федератсияи футболи Тоҷикистн ба ин кор машғул аст. Аммо, дар ин ҷо низ баъзе мушкилиҳо ҷо доранд. Аксари мунтахабҳои дунё бозиҳои дӯстонаи худро як сол пеш ба нақша гирифта, бо ҳам маслиҳат мекунанд. Новобаста ба ҳама мушкилиҳо бояд кор дар ин самт ҷоннок карда шавад. Агар дар ҷое мо ба гузаронидани бозиҳои дӯстона бо мунтахабҳои дигар кишварҳо муваффақ нашавем, кӯшиш мекунем, ки бо бошгоҳҳои футболи хориҷӣ бозиҳои дӯстона гузаронем. Бо вуҷуди оне ки, дар чунин бозиҳо ба мунтахабҳои миллӣ дар раддабандии ФИФА имтиёз дода намешавад, онҳо аз манфиат холӣ нестанд. .
– Мақоми имрӯзаи мунтахаби милии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА моро мушавваш месозад…
– На танҳо шуморо. Айни замон мунтахаби миллии мо дар раддабандии ФИФА мақоми 164-умро ишғол мекунад. Ҳар қадаре, ки дар ин раддабандӣ мунтахаби миллӣ зинаи баландро ишғол кунад, пайдо кардани ҳариф дар бозии дӯстона ҳамон қадар осон мешавад.
– Дар бораи мунтахаби Бангладеш, ки дар бозиҳои наздиктарини плей-офф рақиби мо аст, чь гуфта метавонед?
– Ҳозир сабти бозиҳои мунтахаби Бангладешро тамошо карда истодаам. Боз мегӯям, ки ҳама дар футбол бозӣ карданро ёд гирифтанд. Яқин аст, ки сатҳи бозии онҳо нисбат ба мунтахаби Тоҷикистон пасттар аст. Аммо, дар ҳама ҳолат нисбат ба ҳарифон эҳтиром доштан лозим. Мо аз онҳо намеҳаросем. Мо вазифадорем, ки дар ин бозиҳо пирӯзӣ ёфта ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳамроҳ шавем.
– Муроҷиати шумо ба мухлисони футбол, ки аз мунтахаби миллӣ мӯъҷиза ва роҳхати марҳилаи ниҳоии Ҷоми навбатии Осиёро интизоранд.
– Фикр мекунам мухлисон футболи калонро сахт пазмон шудаанд. Андаке сабр, ҳар хеле набошад, ман ҳамагӣ чор моҳ мешавад, ки дар Федератсияи футболи Тоҷикистон кор мекунам ва мебинам, ки роҳбарияти Федератсия барои рушду инкишофи футболи кӯдакону наврасон корҳои зиёдеро анҷом мекунад. Ман аниқ медонам, ки агар дар оянда низ ба ҳамин тарз корамонро идома диҳем, баъд аз даҳ сол, ана ҳамин бачаҳое, ки ҳозир барои онҳо тамоми шароитҳо муҳайё карда шудаст, натиҷаи хуб меоранд. Барои ин вақт лозим аст.
Мухлисони мо бошанд, беҳтарин мухлисон ҳастанд. Зеро дар ин ҷо замоне дастаи маъруфи “Помир” бозӣ мекард. Андаке сабр кунед ва муваффақияту комёбиҳо албатта мешаванд. Ба шумо хабарнигорон бошад саломатӣ ва вақти хушро таманно дорам. Мехоҳам, ки баъди ҳар як бозии мунтахаби миллӣ бо табъи болида бимонед.