Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 18 апрел таҳти раёсати раиси кумита Алишер Урунов баргузор шуда, барои ба хатогӣ роҳ додан ду довар ва ду нозирро аз хизматрасонии ду даври навбати чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ маҳрум сохт.
Дар протоколи ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ гуфта мешавад, ки рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз Норак, дар бозии даври дуюми чемпионати мамлакат миёни дастаҳои КМВА “Помир” – “Хуҷанд” (0:1) ба ду хатогӣ роҳ дод. Ин хатоҳои сардовар ба натиҷаи бозӣ таъсир карданд.
Мувофиқи рапорти нозири бозӣ Равшан Ишматов, Насрулло Кабиров дар дақиқаи 37 бозӣ ба ҷои оне ки барои бо пой ба қафаси синаи бозигари ҳариф зарба задан ба дарвозаи “Хуҷанд” зарбаи пеналти таъин кунад, барои бозии хатарнок зарбаи озоди ҷаримавӣ таъин намуд. Ба ғайр аз ин, бо сабаби дар масофаи дур қарор доштану мавқеи нодурустро ишғол намудан, Насрулло Кабиров дар дақиқаи 52 бозӣ дар ҷаримагоҳи дастаи худ бо даст бозӣ кардани бозигари дастаи “Хуҷандро” нодида гирифт. Ёвари сардовари бозӣ ҳам, хати офсайдро назорат карда ин ҳолати вайрон шудани қоидаи бозиро надид. Кумитаи доварони ФФТ навори бозиро такроран тамошо карда ба ин фикри нозири бозӣ розӣ шуд.
Ба ин тартиб, кумитаи доварони ФФТ барои ба ин хатогиҳо роҳ додан қарор кард, ки сардовари ин бозӣ Насрулло Кабировро аз хизматрасонии ду даври навбатии бозиҳои чемпионати мамлакат маҳрум созад.
Дар ҷаласаи кумитаи доварон, инчунин хатогиҳои ёвари сардовари бозии даври якуми чемпионат байни “Ҳосилот” –“Барқчӣ” (2:2) Исмоил Нуралиев низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мувофиқи сабти видеоии ин бозӣ, дар дақиқаи 41 Исмоил Нуралиев ҳолати “ғайрибозӣ”-ро дар бозигари № 11-и дастаи “Ҳосилот” муайян карда натавонист, ки ба гол анҷом ёфт.
Аъзоёни кумитаи доварони ФФТ, навори мазкурро таҳлил намуда ба хулосае омаданд, ки ин иштибоҳи ёвари сардовар ба натиҷаи бозӣ таъсир расонд. Барои ба ин хатогӣ роҳ додан, Исмоил Нуралиев аз хизматрасонии бозиҳои ду даври навбатӣ барканор карда шуд.
Ба ғайр аз ин, дар ҷаласаи кумитаи доварони ФФТ хатогиҳои дар ин вохӯрӣ аз ҷониби нозири бозӣ Насриддин Азизов низ роҳ ёфта, баррасӣ карда шуданд.
Нозири бозӣ Насриддин Азиов аз Қабодиён маросими ифтитоҳи мавсими футболро ба таври лозимӣ баргузор накарда, инчунин бозиро низ дар вақти муқарраршуда оғоз накард. Протоколи бозиро бошад, ба таври хунукназарона пур намуд. Ёвари сардовари бозиро, ки дар дақиқаи 41 ба хатогӣ роҳ дод, баҳои баланд гузошт.
Кумитаи доварони ФФТ қарор кард, ки барои хатогиҳои дар боло номбаршуда, нозирии бозии даври якуми чемпионати Тоҷикистон байни “Ҳосилот” – “Барқчӣ” Насриддин Азизов аз хизматрасонии бозиҳои ду даври навбатии чемпионат барканор карда шавад.
Дар ҷаласаи кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон инчунин хатогии нозири бозии даври якуми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои “Парвоз” – “Регар-ТадАЗ”, ки рӯзи 10 апрел дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муайян шуд, ки нозири ин бозӣ Аюбҷон Солиев машварати пеш аз бозиро бо иштироки намояндагони ҳар ду дастаҳо ба таври лозимӣ нагузаронд ва дастаи “Парвоз” бо либосҳои бозикунии рангашон ҳамранги сарулибоси ҳайати доварон ба майдон баромад.
Ба ин тартиб, кумитаи доварони ФФТ қарор кард, ки барои хатогиҳои дар боло номбаршуда, нозирии бозии даври якуми чемпионати Тоҷикистон байни “Парвоз” – “Регар-ТадАЗ” Аюбҷон Солиев аз хизматрасонии бозиҳои ду даври навбатии чемпионат барканор карда шавад.