“Истиқлол” бо “Локомотив”-и Москва бозии дӯстона мегузаронад – Федерация Футбола Таджикистана

“Истиқлол” бо “Локомотив”-и Москва бозии дӯстона мегузаронад

Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе бо чемпиони дукаратаи Россия “Локомотив”-и Москва бозии дӯстона мегузаронад.

Ба иттилои сомонаи расмии клуби футболи пойтахти Тоҷикистон роҳбарияти клубҳои футболи “Истиқлол” ва “Локомотив” ҷиҳати баргузории ин бозии дӯстона ба мувофиқа расиданд. Бозӣ тобистони имсол баъд аз анҷом ёфтани бозиҳои Премер-лигаи Россия,  дар варзишгоҳи марказии Душанбе доир хоҳад шуд.

Мувофиқи маслиҳати ҷонибҳо сармураббии “роҳиоҳанчиён”, ҳамватани мо Игор Черевченко ба Душанбе бо ҳайати омехтаи иборат аз бозигарони ҳайати асосӣ ва ҳайати ҷавонони “Локомотив” ташриф меорад. Оиди санаи аниқи баргузории бозӣ ба таври иловагӣ хабар медиҳем.

Қобили қайд аст, ки қаблан дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозиҳои дӯстонаи “Истиқлол” бо дастаҳои футболи “Хассен-Кассел” ва “Шалке-04”-и Олмон, инчунин “Газовик”-и Россия доир шуда буд. Ҳаминро низ бояд гуфт, ки “Газовик”, ки дар ҳайати он ҳамватани дигари мо, муҳофизатгари мунтахаби миллӣ Фарҳод Восиев бозӣ мекунад, имсол имконияти хуби соҳиб шудани роҳхат ба Премер-лигаи Россияро дорад.

Добавить комментарий