Баъди ду давр “Истиқлол” ва “Хуҷанд” зинаҳои аввали ҷадвалро ишғол мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Баъди ду давр “Истиқлол” ва “Хуҷанд” зинаҳои аввали ҷадвалро ишғол мекунанд

Барномаи даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ анҷом ёфт. Дар панҷ бозии доиршуда даҳ гол зада шуд, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар бозӣ ду голӣ рост меояд.

Имрӯз, 17 апрел, се бозии даври дуюми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд. Чемпиони феълии мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дастаи “Барқчӣ”-ро қабул кард. Бозӣ хеле шақовару ҷолиб доир гардида бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи чемпиони амалкунандаи Тоҷикистон анҷом ёфт.

Бозигарони “Истиқлол” дар дақиқаи 5-уми вохӯрӣ ба задани гол муваффақ шуданд. Голро ниммуҳофизи “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев ба самар расонда, ҳисоби голҳои худро дар мавсими имсола ба сето расонд. Ҳамагӣ пас аз нӯҳ дақиқаи баъди задани гол ҳар ду дастаҳо дар майдон  бо ҳайати даҳнафарӣ монданд. Сардовари бозӣ Диловаршоҳ  Орзуев аз шаҳри Ҳисор барои  ҷанҷоли дуҷониба ба муҳофизи соҳибони майдон Даврон Эргашев ва ба ҳамлагари меҳмонон Комил Саидов корти дуюми зардро нишон дода ҳардуро аз майдон берун кард. Ногуфта намонад, ки Даврон Эргашев ва Комил Саидов бозигарони мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳастанд. То охири қисми якуми бозӣ бошад ба футболбозони “Истиқлол” муяссар шуд, ки боз ду голи дигарро вориди дарвозаи барқчиён созанд. Голҳоро Дилшод Восиев дар дақиқаи 31 ва Нозим Бобоҷонов дар дақиқаи 45+1 ба самар расонданд.

Дар қисми дуюми вохӯрӣ тамошобинон, ки дар ин бозӣ шумораашон на он қадар зиёд буд, боз шоҳиди задани се голи дигар шуданд, ки дутои онро меҳмонон ва яктоашро соҳибони майдон заданд. Баъди аз ҷониби футболбозони “Барқчӣ” иҷро шудани корнер тӯб бебаророна ба пои муҳофизатгари “Истиқлол”, легионери украинӣ Петро Ковалчук бархӯрда, вориди дарвозаи дастаи худашон шуд. Дар дақиқаи 66 вохӯрӣ бошад соҳибони майдон дар ҷаримагоҳи дастаашон қоидаи бозиро муқобили ниммуҳофизи “Барқчӣ” Муҳаммадҷони Ҳасан вайрон карданд ва сардовар Диловаршоҳ Орзуев зарбаи пеналти таъин намуд. Зарбаи пеналтиро ниммуҳофизи дигари “Барқчӣ” Амирбек Ҷӯрабоев бехато ба нишон расонд. Понздаҳ дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии вохӯрӣ Муҳаммадҷони Ҳасан ин бор дар ҷаримагоҳи дастаи худ қоидаи бозиро нисбати капитани “Истиқлол” ва мунтахаби миллии Тоҷикистон Нуриддин Давронов вайрон кард. Диловаршоҳ Орзуев ба “нуқта” ишора намуд ва зарбаи пеналтиро ҳамлагари “Истиқлол” ва мунтахаби миллии кишвар Манучеҳр Ҷалилов ба самар расонд. Ба ин тартиб, вохӯрӣ бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи чемпиони феълии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дастаи футболи “Парвоз”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар даври ифтитоҳии чемпионати имсола аз “Истиқлол” дар меҳмонӣ бо ҳисоби калони 4 бар 0 шикаст хӯрда буд, дар ин давр ба музаффарият ноил шуд. Ҳавонавардон дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон “Регар-ТадАз”-и Турсунзода бо ҳисоби минималии 1 бар 0 дастболо шуданд. Голи ягона ва ғолибиятро ҳамлагари собиқи “Далерон-Уротеппа” Меҳрулло Бобоев зад.

Бозӣ миёни дастаҳои “Вахш” ва “Хайр”-Ваҳдат бошад,  дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа мусовӣ ва бидуни гол анҷом ёфт.

Ба ин тартиб, баъд аз ду давр “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо шаш имтиёзӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор доранд. “Хайр” ва “Ҳосилот” бо чор имтиёзӣ зинаҳои сеюму чорумро ишғол мекунанд.

Бозиҳои даври сеюми чемпионат рӯзҳои 21, 23 ва 24 апрел доир хоҳанд шуд. Рӯзи панҷшанбе “Истиқлол”-и пойтахт дар меҳмонӣ бо “Регар-ТадАз”-и Турсунзода  вомехӯрад. Рӯзи шанбеи 23 апрел бошад “Хуҷанд” дар варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар дербии суғдӣ “Парвоз”- и ноҳияи Бобоҷон Ғпфуровро қабул мекунад. Дар худи ҳамин рӯз “Хайр” дар варзишгоҳи ҳамноми даста,  дар шаҳри Ваҳдат КМВА “Помир”-ро қабул мекунад. барномаи бозиҳои даври сеюми чемпионат рӯзи якшанбеи 24 апрел ҷамъбаст мешавад. Дар ин давр “Ҳосилот” дар майдони худ бо “Вахш” ва “Равшан” дар меҳмонӣ бо “Барқчӣ” рӯбарӯ мешаванд.

 

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 2-юм

«Истиқлол» – «Барқчӣ» – 4:2

ГолҳоФатҳулло Фатҳуллоев, 5 (1:0). Дилшод Восиев, 31 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 45+1 (3:0). Петро Ковалчук, 50 – ба дарвозаи дастаи худ (3:1). Амирбек Ҷӯрабоев, 66 – аз пеналти (3:2). Манучеҳр Ҷалилов, 75 – аз пеналти (4:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов, Александр Каблаш (Акмал Холматов, 61), Нозим Бобоҷонов (Манучеҳр Ҷалилов, 46), Фаридун Шарипов, Петро Ковалчук, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Сӯҳроб Ҷалилов, 85), Давронҷон Эргашев.

«Барқчӣ» (Душанбе): Шаҳром Исмоилов, Қувватбек Равшанбеков (Сунатулло Холов, 35), Эҳсони Панҷшанбе, Кароматулло Саидов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Ҳокимҷон Ҳасанов (Нуриддин Ҳамроқулов, 56), Амирҷон Сафаров (Ҳиматулло Малодустов, 76), Хуршед Маҳмудов, Комил Саидов, Ойбек Абдуғаффоров, Амирбек Ҷӯрабоев.

Огоҳонида шудандНуриддин Давронов, Александр Каблаш, Сӯҳроб Ҷалилов («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров, Муҳаммадҷони Ҳасан, Эҳсони Панҷшанбе, Ойбек Абдуғаффоров («Барқчӣ»).

Аз майдон хориҷ шуданд: Даврондҷон Эргашев («Истиқлол»), 14 – корти 2-юми зард, Комил Саидов («Барқчӣ»), 14 – корти 2-юми зард.

Беҳтарин бозигари вохӯрӣМаҳдӣ Чоҳҷӯӣ («Истиқлол»).

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор) – 7 хол.

Нозири бозӣ: Владимир Домлоҷонов (Душанбе).

17 апрел. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 350 тамошобинон.

 

«Вахш» – «Хайр» – 0:0

«Вахш» (Қӯргонтеппа): Баҳодур Толибов, Холмурод Назаров, Улуғбек Абдулхайров, Алексей Негматов, Азимҷон Раҳмонов, Ҷамолиддин Зардиев (Собир Холматов, 65), Худойдод Узоков (Фазлиддин Насриддинзода, 87), Эҳсон Бобоев, Умедҷон Шарипов, Нумонҷон Ҳакимов, Аҳтам Ҳамроқулов.

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Эраҷ Раҷабов, Далер Шарипов, Маҳмадлоиқ Нуриддинов, Менсах Даниэл Абан, Баҳодур Шарифов, Маҳмадалӣ Содиқов, Мисиам Инносент, Муҳсин Парпиев (Самад Шоҳзуҳуров, 80), Вайсиддин Сафаров, Агблей Джонес (Яхая Мубарак, 62).
Огоҳонида шуданд: Умедҷон Шарипов, Улуғбек Абдулхайров, Аҳтам Ҳамроқулов («Вахш»), Эраҷ Раҷабов, Далер Шарипов, Баҳодур Шарифов, Маҳмадлоиқ Нуриддинов («Хайр»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣУмедҷон Шарипов («Вахш»).

СардоварБеҳрӯз Муртазоев (Душанбе) – 7,3 хол.

Нозири бозӣ: Эраҷ Носеҳов (Душанбе).

17 апрел. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи “Пахтакор”. 2000 тамошобинон.

 

«Парвоз» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0

Гол: Меҳрулло Бобоев, 34.

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Асатулло Нуруллоев, Далер Бердиқулов, Абдумалик Юсупов, Бахтиёр Абдураҳмонов, Руслан Таваккалов, Олим Ҳоҷиматов (Азиз Шамсиев, 61), Диловар Бойкузиев (Абдурашид Мирхолиқов, 85), Абдураҳмон Қурбонов, Аваз Норкузиев (Масъуд Раҳимов, 81), Меҳрулло Бобоев.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Владимир Сисоев, Фаррух Чориев (Азиз Бегов, 60), Дороб Эргашев, Бахтиёр Азимов, Фарҳод Холбеков, Расул Пайзов, Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Фирӯз Қараев (Сорбон Карамов, 72), Комрон Турсунов, Меҳроҷиддин Музаффаров (Аскар Равшанов, 80).

Огоҳонида шуданд: Меҳрулло Бобоев («Парвоз»), Бахтиёр Азимов («Регар-ТадАЗ»).

Беҳтарин бозигари вохӯрӣ: Меҳрулло Бобоев («Парвоз»).

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Қӯрғонтеппа) – 7,5 хол.

Нозири бозӣ: Аюбҷон Солиев (Конибодом).

17 апрел. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 3000 тамошобинон.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 2 2 0 0 8-2 6
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 2 2 0 0 3-1 6
3 «Хайр» (Ваҳдат) 2 1 1 0 4-0 4
4 «Ҳосилот» (Фархор) 2 1 1 0 4-2 4
5 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2 1 0 1 2-2 3
6 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 2 1 0 1 1-4 3
7 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 2 0 1 1 1-2 1
8 «Барқчӣ» (Душанбе) 2 0 1 1 4-6 1
9 КМВА «Помир» (Душанбе) 2 0 0 2 1-3 0
10 «Равшан» (Кӯлоб) 2 0 0 2 0-6 0

Нишонзанҳо: Агблей Джонес («Хайр»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол») – 3 голӣ, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 2 гол.

 

Дар даври 3-юм вомехӯранд:

21 апрел (панҷшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург»

 

23 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Хуҷанд» – «Парвоз»

Хуҷанд, варзишгоҳи  «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

 

«Хайр» – КМВА «Помир»

Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр»

 

24 апрел (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:00

«Ҳосилот» – «Вахш»

Фархор, варзишгоҳи Марказӣ

 

«Барқчӣ» – «Равшан»

Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ

Добавить комментарий