Ҳайати ҷавонони чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон “Истиқлол”-Душанбе бо дастаи мунтахаби Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ бозии дӯстона мегузаронад. Бозӣ дар варзишгоҳи марказии Хоруғ доир хоҳад шуд.
Ба итилои сомонаи расмии клуби футболи пойтахт бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти “Истиқлол” ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 20 апрел, дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бозии дӯстона байни ҳайати ҷавонони “Истиқлол” ва мунтахаби ВМКБ доир мешавад. Иди футбол ба муносибати таҷлили Рӯзи Ваҳдати Миллӣ баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 16:00 ба нақша гирифта шудаст.