“ДИСИ Инвест” – ғолиби Ҷоми футзали Тоҷикистон – Федерация Футбола Таджикистана

“ДИСИ Инвест” – ғолиби Ҷоми футзали Тоҷикистон

Дастаи футзали “ДИСИ Инвест”, ки аз ҳисоби бозигарони ҳайати асосии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таъсис ёфтаас, ғолиби Ҷоми футзали миллӣ шуд. Дар бозии ниҳоӣ дастаи футзали пойтахт бар “Сипар”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 0 пирӯз шуд.

Бозии финалӣ рӯзи 9 апрел, дар маҷмааи варзишии агентии “Тоҷикгосстандарт” байни дастаҳои футзали “Сипар” (Хуҷанд) ва “ДИСИ Инвест” (Душанбе) доир гардид. Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ин дастаҳо дар як квартет баромад доштанд ва бозии аввали онҳо мусовӣ (5:5) анҷом ёфта буд.

Дар дақиқаҳои аввали қисми дуюми  бозӣ легионери эронии “Сипар” Паймон Сарлак бебаророна бозӣ карда, тӯбро вориди дастаи худашон сохт. Баъди сар додани гол футзалистони хуҷандӣ барои задани гол ва баробар кардани ҳисоби вохӯрӣ талоши зиёд намуда, чанд лаҳзаи қуллайи голзаниро созмон доданд. Аммо муҳофизони дстаи футзали “ДИСИ Инвест” бехато бозӣ карда, нагузоштанд, ки меҳмонони хуҷандӣ ба амалӣ кардани мақсадашон муваффақ шаванд. Як дақиқа пеш аз анҷоми вақти бозӣ бошад, Муҳаммад Раҳмонов голи дуюмро вориди дарвозаи “Сипар” намуд. Барои наҷот додани бозӣ ва тағйир намудани ҳисоб футзалистони хуҷандӣ ба майдон ба ҷои дарвозабони худ, бозигари шашумро бароварданд. Футзалбозони “ДИСИ Инвест” бошанд, чун пештара бисёр бомаҳоратона бозӣ карда, дарвозаи дастаи худро аз гол эмин медоштанд. Бар замми ин, дар сонияҳои охири бозӣ барои бори шашум вайрон кардани қоидаи бозӣ ба дарвозаи “Сипар” зарбаи ҷаримавии 10 метра таъин карда шуд ва Шавкат Ҳалимов дар “дуэл” бо дарвозабони “Сипар” Шӯҳрат Бибудов ғолиб баромада, голи сеюмро ба дарвозаи хуҷандиҳо зад.

Ҳаминро қайд мекунем, ки дастаи “ДИСИ Инвест”-ро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Тоҷикистон мутахассиси эронӣ Абулқосим Орифиён роҳбарӣ намуд. Орифиён дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё мебошад. Зери роҳбарии ӯ дастаи футзали Душанбе дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали миллӣ панҷ бозӣ гузаронида, дар се тои он пирӯз шуд ва ду вохӯриро мусовӣ анҷом кард.

Баъд аз анҷоми бозии финалӣ маросими ҷамъбаст ва мукофотонии финалистони мусобиқа доир шуд. Ҷоми футзали Тоҷикистонро ба капитани дастаи “ДИСИ Инвест” Ораз Ализода директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Комрон Шодиев супорид. Муҳаммад Раҳмонов аз дастаи “ДИСИ Инвест” беҳтарин бозигари мусобиқа эътироф шуд.

 

Ҷоми футзали Тоҷикистон. Финал

«Сипар» (Хуҷанд) – «ДИСИ Инвест» (Душанбе) – 0:3

Голҳо: Паймон Сарлак, 21 – ба дарвозаи дастаи худ (0:1). Муҳаммад Раҳмонов, 39 (0:2). Шавкат Ҳалимов, 40 (0:3).

«Сипар» (панҷгонаи аввал): Шӯҳрат Бибудов, Фурқат Ахмеджанов, Умед Мирзораҳимов, Алишер Улмасов, Алӣ Аскарӣ.

Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Баҳром Ярматов, Мубин Абдураҳмонов, Валӣ Валиев, Паймон Сарлак.

«ДИСИ Инвест» (панҷгонаи аввл): Фирӯз Бекмуродов, Раҳмоналӣ Шарипов, Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Муҳаммад Раҳмонов.

Дар ивазшавӣ ба майдон баромаданд: Ораз Ализода, Арсен Фармонбеков, Шерзод Ҷумаев.

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ёвари довар: Эркин Мадибоев (Душанбе).

Довари эҳтиётӣ: Абдумалик Ғаффоров (Хуҷанд).

Инспектор матча: Ельчибек Ельчибеков (Душанбе).

10 апрел. Душанбе. Маҷмааи варзишии агентии  «Тоҷикгоссстандарт». 400 тамошобинон.

Добавить комментарий