Федератсияи футболи Тоҷикистон барномаи нави такмили ихтисоси мураббиёни футболро роҳандозӣ намуд. Имрӯзҳо мураббиён Рустам Қурбонов, Насим Набиев, Ҳикмат Фузайлов ва Далер Каёсов бо роҳбарии ҷонишини директори департаменти техникии ФФТ Ҳаким Фузайлов дар “Локомотив” (Москва) дар таҷрибаҳосилкунӣ қарор доранд.
Давоми ду ҳафта мураббиёни тоҷик дар тамринҳои дастаҳои кӯдакону наврасон, ҳайатҳои ҷавонон ва асосии “Локомотив”-и Москва, ки сармураббии он ҳамватани мо Игор Черевченко мебошад, иштирок намуда дараҷаи касбии худро такмил медиҳанд.
Давоми муҳлати таҷрибаҳосилкунии худ мураббиёни тоҷик ба ҷараёни тамрини ҳамкасбони россиягии худ ошно шуда, мубодилаи таҷриба мекунанд. Дар ин давра мураббиёни Тоҷикистон яке аз вохӯриҳои хонагии “Локомотив”-ро дар доираи бозиҳои Премер-лигаи Россия тамошо хоҳанд кард.