Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистонро Насрулло Кабиров доварӣ мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистонро Насрулло Кабиров доварӣ мекунад

Ҳайати доварони хизматрасони бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни чемпиони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва ҷоизадори медалҳои нуқраи мавсими футболи соли гузаштаи мамлакат “Хуҷанд”-и Хуҷанд маълум гардид.

Сардоварӣ бозӣ рефери ФИФА аз Норак Насрулло Кабиров таъин шуд. Насруллоро дар канори майдон ёварони рефери ФИФА Акмал Буриев аз Турсунзода ва Хусрави Сиддиқзод аз Душанбе кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Беҳрӯз Муртазоев аз Душанбе ба зимма дорад. Нозири доварони ин бозӣ сардори департаменти футболи кӯдакону наврасони Федератсияи футболи Тоҷикистон Анваршо Мирзоев ва комиссари бозӣ директори иҷроияи ФФТ Шавкат Ахмедов таъин шуданд.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон байни “Истиқлол” ва “Хуҷанд” пагоҳ, 3 апрел, соати 14:00 дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода, ки 13 ҳазор ҷои нишаст дорад, доир мешавад.

Дар сурати дар вақти асосӣ мусовӣ анҷом шудани бозӣ ду қисми иловагии иборат аз 15 дақиқагӣ таъин мешавад. Агар дар вақти иловагӣ низ ғолиб муайян нашавад, он гоҳ силсилазарбаҳои пеналтӣ таъин карда мешавад.

Даромад ба Варзишгоҳ барои мухлисон ройгон аст. Ҳамаи мухлисони футболро ба тамошои бозии оғози мавсими нави футболи кишвар даъват мекунем!!!

Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бозӣ доронда мешавад. Аввалин барандаи Суперҷоми мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе аст, ки боз чор маротибаи дигар-солҳои 2011, 2012, 2014 ва 2015 онро ба даст дароварда аст. Ҳамагӣ як маротиба – соли 2013 Суперҷоми Тоҷикистонро “Равшан”-и Кӯлоб соҳиб шуда аст. “Равшан” дар ин бозӣ дар майдони худ бар “Регар-ТадАз” бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд.

 

Ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2015):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Бо пеналти – 4:3

Добавить комментарий