Аз рӯи ҳисоб ҳафтум бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 3 апрел, соати 14:00 дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода доир мешавад.
Дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2016 чемпиони феълӣ ва барандаи Ҷоми миллӣ дар соли 2015 “Истиқлол”-и Душанбе бо дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли гузаштаи мамлакат “Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунад.
Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бозӣ доронда мешавад. Аввалин барандаи Суперҷоми мамлакат “Истиқлол”-и Душанбе аст, ки боз чор маротибаи дигар-солҳои 2011, 2012, 2014 ва 2015 онро ба даст дароварда аст. Ҳамагӣ як маротиба – соли 2013 Суперҷоми Тоҷикистонро “Равшан”-и Кӯлоб соҳиб шуда аст. “Равшан” дар ин бозӣ дар майдони худ бар “Регар-ТадАз” бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз шуд.
Ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2015):
2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2
2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0
2012 – «Истиқол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Бо пеналти – 4:3