Ҷоизадори медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон-2016 клуби футболи “Далерон-Уротеппа”-и шаҳри Истаравшан ба иллати мушкили молиявӣ дар чемпионати Тоҷикистон-2016 байни дастаҳои лигаи олӣ иштирок намекунад.
Раиси шаҳри Истаравшан Н. Набизода ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла чунин гуфта мешавад: “Бо сабабҳои кам гардидани воридот ба буҷаи маҳаллии шаҳр соли ҷорӣ барои дастгирии дастаи футболи “Далерон-Уротеппа”-и шаҳри Истаравшан мушкилиҳо дида мешаванд. Бо назардошти имконияти молиявии дар боло зикргардида мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр имконияти маблағгузории дастаи “Далерон-Уротеппа”-и шаҳри Истаравшанро дар бозиҳои 25-уми чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаҳои олии кишвар надорад. Бинобар ин, иштироки дастаи футболи мазкур дар бозиҳои Лигаи Олии кишвар ғайриимкон мебошад”.
Ба ин тартиб, дар чемпионати имсолаи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ҳамагӣ 10 даста иштирок мекунад. Баъд аз даст кашидани “Далерон-Уротеппа” қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати имсолаи мамлкат аз нав гузаронида шуд. Бозиҳои даври ифтитоҳии чемпионати ҷашнии 25-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 7-10 апрел доир мешаванд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1-ум
7 апрел (панҷшанбе)
Оғоз соати 16:00
«Парвоз» – «Истиқлол»
9 апрел (шанбе)
Оғоз соати 16:00
«Регар-ТадАЗ» – КМВА “Помир”
«Хуҷанд» – «Вахш»
10 апрел (якшанбе)
Оғоз соати 16:00
«Хайр» – «Равшан»
«Ҳосилот» – «Барқчӣ»