Дастаи мунтахаби футболи духтаронаи Тоҷикистон (U-14) дар чемпионати минтақавии Осиё дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои мунтахаби духтаронаи Эрон, Қирғизистон ва Бутан бозӣ мекунад.
Қаблан хабар дода будем, ки дар чемпионати минтақавии Осиё, дар минтақаҳои Ҷануб ва Марказӣ, ки охири моҳи апрели соли ҷорӣ дар Тоҷикистон доир мешавад, нӯҳ даста ширкат мекунанд. Аммо бо сабаби аз иштирок дар мусобиқа даст кашидани мунтахабҳои духтаронаи Шри-Ланка ва Молдив, Конфедератсияи футболи Осиё қуръакашии ин мусобиқаро аз нав доир намуд. Акнун дар мусобиқа ҳафт мунтахаби духтаронаи (U-14) дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд. Мувофиқи натоиҷи қуръакашӣ ба гурӯҳи “А” мунтахабҳои духтаронаи (U-14) Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Бутан ва ба гурӯҳи “Б” мунтхабаҳои Бангладеш, Непал ва Ҳиндустон шомил шуданд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як қисм доир мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба бозиҳои ниманиҳоӣ мебароянд. Баъд ғолибони бозиҳои ниманиҳоӣ дар бозии финалӣ ва дастаҳои мағлуби бозиҳои ниманиҳоӣ барои ҷои сеюм рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чемпионати минтақавии Осиё дар минтақаи мо аз 26 апрел то 1 май доир мегардад. Бозиҳо дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт ва майдони футболи Академияи “Истиқлол” дар шаҳраки Алмосии шаҳри Ҳисор баргузор хоҳанд шуд.
Чемпионати минтақавии Осиё барои мунтахабҳои духтаронаи то синни 14 сола
Минтақаи Ҷануб ва Маркази Осиё
Гурӯҳи «А»: ТОҶИКИСТОН, Қирғизистон, Бутан, Эрон.
Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Непал, Ҳиндустон.
Тақвими бозиҳо:
Даври 1-ум
26 апрел (сешанбе)
ТОҶИКИСТОН – Эрон
Қирғизистон – Бутан
Ҳиндустон – Бангладеш
Даври 2-юм
27 апрел (чоршанбе)
Бутан – ТОҶИКИСТОН
Эрон – Қирғизистон
Непал – Ҳиндустон
Даври 3-юм
28 апрел (панҷшанбе)
ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Бутан – Эрон
Бангладеш – Непал
Бозиҳои ниманиҳоӣ
30 апрел (шанбе)
1 «А» – 2 «В»
1 «В» – 2 «А»
1 май (якшанбе)
Бозӣ барои ҷои сеюм
Финал