Имрӯз, 10 март, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии тақвими чемпионати ҷашнии 25-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Дар мавсими нави футбол, ки санаи 8 апрел шурӯъ мешавад, 11 даста иштирок мекунанд. Чемпионати футболи Тоҷикистон-2016 дар ду қисм баргузор хоҳад шуд. Ҳар як даста дар чемпионати имсола 20 бозӣ хоҳад гузаронд.
Дар 25-умин чемпионати ҷашнии футболи мамлакат дастаҳои “Истиқлол”, КМВА “Помир”, “Барқчӣ” (ҳама аз Душанбе), “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Равшан” (Кӯлоб), “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода), “Хайр” (Ваҳдат), “Вахш” (Қӯрғонтеппа), “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан), “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва “Ҳосилот” (Фархор) иштирок мекунанд.
Ба дастаҳои иштиокчии чемпионати чоли гузаштаи лигаи олии Тоҷикистон, ғолиби порсолаи лигаи якуми мамлакат “Ҳосилот”-и Фархор ҳамроҳ шудааст. Ба ғайр аз ин, дастаи “Барқи тоҷик” дар мависми имсола тағйири ном карада бо унвони “Барқчӣ” баромад мекунад.
Ҳангоми қуръакшӣ ҳар як дастаи иштирокчии мавсими имсолаи футбол рақами тартибии худро соҳиб шуд, ки бо ин рақам ба тақвими имсолаи чемпионат дохил карда мешавад. Ин рақам дастаи ҳариф ва тартиби бо он вохӯрданро дар давоми даврҳои чемпионат нишон медиҳад. Тақвими имсолаи чемпионати мамлакат бо ёрии ҷадвали шоҳмотбоз ва олими маъруфи австриягӣ Бергер мураттаб гардонида мешавад.
Ба ин тартиб, мувофиқи қуръакашии тақвими имрӯза дар даври аввал дастаҳо ба ин тартиб вомехӯранд:
«Вахш» – «Регар-ТадАЗ»
«Хуҷанд» – «Парвоз»
«Истиқлол» – «Барқчӣ»
«Хайр» – «Ҳосилот»
«Далерон-Уротеппа» – «Равшан»
Шакли пурраи тақвим баъд аз тасдиқ шуданаш интишор мешавад.