Имрӯз, 3 март, дар меҳмонхонаи «Вахш»-и шаҳри Душанбе курси ҳарсолаи доварони хизматрасони бозиҳои чемпионат, ҷом ва дигар мусобиқаҳои футболи Тоҷикистон оғоз шуд.
Курсро ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Файзулозода ҳусни оғоз бахшида, ба доварон дар мавсими имсолаи футбол барору комёбиҳоро таманно намуд.
Ба доварон давоми як ҳафта дастурдиҳандагони Абдураҳим Бобоев ва Равшан Ишматов, инчунин дастурдиҳандаи фитнесӣ Рустам Абдуллоев машғулият мегузаронанд. Дар машғулиятҳо 32 нафар доварони узви Кумитаи доварони ФФТ иштирок мекунанд. Дар рӯзи дуюми баргузории машғулиятҳо доварон ба таври тестӣ санҷида шуда, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ аз омодагии ҷисмонӣ низ имтиҳон карда мешаванд.
Дар доираи баргузории курс доварон бозиҳои имсолаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро хизматрасонӣ мекунанд. Дар машғулиятҳои назариявии курс тарзи кори доварон дар ин бозиҳо таҳлилу баррасӣ мегардад.