Чемпионати Осиё-2016: қуръакашии марҳилаи ниҳоӣ 7 май доир мешавад – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпионати Осиё-2016: қуръакашии марҳилаи ниҳоӣ 7 май доир мешавад

Қуръакашии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 барои мунтахабҳои ҷавонони то синни 19-сола, ки дар он ҳарифони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон низ маълум мешаванд, рӯзи 7 май дар Манама доир мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё имрӯз, 29 феврал, расмиёти баргузории қуръакашии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19-соларо эълон намуд. Дар қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар сабади чорум ҷой мегирад. Дар ин сабад ҳамроҳ бо мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон мунтахабҳои ҷавонони Эрон, Ветнам ва Арабистони Саудӣ ҷойгир ҳастанд. Ин бошад ба он маъно аст, ки дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқа ҷавонони мо бо дастаҳои номбаршуда, дар як гурӯҳ намеафтанд.

Аз сабади якум эҳтимолияти дар марҳилаи гурӯҳӣ рақиби Тоҷикистон шудани мунтахабҳои Баҳрайн, Қатар, ҶХДК ва Узбекистон ҷой дорад. Дар сабади дуюм бошад мунтахабҳои ҷавонони Япония, Тайланд, АМА ва Хитой ҷой гирифтаанд ва якеи аз онҳо метавонад рақиби дастаи мо гардад. Дар сабади сеюм мунтахабҳои ҷавонони Австралия, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ ва Яман ҷой гирифтаанд ва дар марҳилаи гурӯҳӣ якеи аз онҳо рақиби мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон хоҳад шуд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ чор квартети чор дастагӣ таъсис дода мешаванд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи пешсаф ба бозиҳои чорякниҳоӣ мебароянд.

Қобили қайд аст, ки дар марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19 сола, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн баргузор мегардад, чор роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2017 бозӣ доронда мешавад. Чемпионати ҷаҳон-2017 дар Кореяи Ҷанубӣ доир мешавад. Дар сурати ба бозиҳои нимфиналии чемпионати Осиё-2016 дар Манама роҳ ёфтани мунтахаби ҷавонони Кореяи Ҷанубӣ, он гоҳ дастаи ҷои панҷуми ин мусобиқа соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон-2017 байни ҷавонон мегардад. Дар чемпионати Осиё-2016 бозӣ барои ҷои сеюм доир намешавад.

 

Ҷойгиршавии дастаҳо дар қуръакашии марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2016 байни мунтахабҳои ҷавонони то синни 19-сола:

Сабади 1: Баҳрайн, Қатар, ҶХДК, Узбекистон.

Сабади 2: Япония, Тайланд, АМА, Хитой.

Сабади 3: Австралия, Ироқ, Кореяи Ҷанубӣ, Яман.

Сабади 4: Эрон, Ветнам, Арабистони Саудӣ, ТОҶИКИСТОН.

Добавить комментарий